https://sputnik.tj/20260526/bortnikov-tojikiston-rusiya-guruhi-terroristi-nobud-1077828601.html
Бортников: Тоҷикистону Русия якҷо як гурӯҳи террористиро нобуд карданд
Бортников: Тоҷикистону Русия якҷо як гурӯҳи террористиро нобуд карданд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари ФСБ-и Русия ахиран гуфт, ки Тоҷикистону Русия якҷо як гурӯи террористӣ, ки ҳамлаҳои террористии пурсарусадоро тарҳрезӣ мекарданд, нобуд карданд
2026-05-26T17:26+0500
2026-05-26T17:26+0500
2026-05-26T17:26+0500
терроризм
доиш
осиёи марказӣ
дар тоҷикистон
фсб
александр бортников
гурӯҳи терористӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/01/1057484707_0:0:2996:1685_1920x0_80_0_0_afe2ed133ad2fe6a49e0ae305ff23ec1.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Александр Бортников, раҳбари сервиси амнияти федералии Русия (ФСБ) гуфт, ки дар аввали соли 2026 ФСБ-и Русия ҳамроҳ бо ҳамтоёни тоҷики худ як гурӯҳи террористиро, ки ҳамлаҳои террористии пурсарусадоро тарҳрезӣ мекарданд, нобуд карданд.Бортников таъкид кард, ки ғайр аз ин Русия дар ҳамкорӣ бо Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон, дар марҳилаи омодагӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Маскав, панҷ ҳамлаи террористиро пешгирӣ кард.Вай ҳушдор дод, ки дар кишварҳои ИДМ шабакаҳои пинҳонии террористӣ, каналҳо барои таъмин таъсис ва ҳамлаҳои террористӣ ба нақша гирифта мешаванд.Раҳбари ФСБ илова кард, ки шуъбаи ДОИШ*, Вилояти Хуросон*, ки бо ҳукумати Афғонистон мухолиф аст, фаъолона сокинони кишварҳои ИДМ-ро ба созмонҳои террористӣ ҷалб мекунад.Бортников қайд кард, ки “Вилояти Хуросон”*, гурӯҳҳои ҷиҳодии марбут ба он ва мухолифини мусаллаҳи зиддитолибон, "бо дастгирии фаъоли хадамоти иктишофии Бритониё, кӯшишҳои худро барои заиф кардани ҳукумат дар Кобул идома медиҳанд ва мехоҳанд минтақаҳои берун аз назорати Толибон**, асосан дар шимолро васеъ кунанд.“Бо такя ба ин минтақа, "ғарбиён умедворанд, ки баъдан ба вазъият дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба манфиати худ таъсир расонанд", - гуфт ӯ.* - созмони террористии мамнӯъ дар Русия** -гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/48968
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/01/1057484707_150:0:2881:2048_1920x0_80_0_0_7edbb8d0a394237e5f2c15e57a94d7b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
терроризм, доиш, осиёи марказӣ, дар тоҷикистон, фсб, александр бортников, гурӯҳи терористӣ
терроризм, доиш, осиёи марказӣ, дар тоҷикистон, фсб, александр бортников, гурӯҳи терористӣ
Бортников: Тоҷикистону Русия якҷо як гурӯҳи террористиро нобуд карданд
Раҳбари ФСБ-и Русия ахиран гуфт, ки Тоҷикистону Русия якҷо як гурӯи террористӣ, ки ҳамлаҳои террористии пурсарусадоро тарҳрезӣ мекарданд, нобуд карданд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Александр Бортников, раҳбари сервиси амнияти федералии Русия (ФСБ) гуфт, ки дар аввали соли 2026 ФСБ-и Русия ҳамроҳ бо ҳамтоёни тоҷики худ як гурӯҳи террористиро, ки ҳамлаҳои террористии пурсарусадоро тарҳрезӣ мекарданд, нобуд карданд.
"Аввали соли ҷорӣ ФСБ-и Русия як гурӯҳи минтақавӣ, ки ҳамлаҳои террористии пурсарусадоро тарҳрезӣ мекард, муайян ва нобуд карданд", - гуфт Бортников дар ҷаласаи 58-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси ИДМ.
Бортников таъкид кард, ки ғайр аз ин Русия дар ҳамкорӣ бо Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон, дар марҳилаи омодагӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Маскав, панҷ ҳамлаи террористиро пешгирӣ кард.
Вай ҳушдор дод, ки дар кишварҳои ИДМ шабакаҳои пинҳонии террористӣ, каналҳо барои таъмин таъсис ва ҳамлаҳои террористӣ ба нақша гирифта мешаванд.
Раҳбари ФСБ илова кард, ки шуъбаи ДОИШ*, Вилояти Хуросон*, ки бо ҳукумати Афғонистон мухолиф аст, фаъолона сокинони кишварҳои ИДМ-ро ба созмонҳои террористӣ ҷалб мекунад.
"Вилояти Хуросон* айни замон фаъолона ҷангҷӯёнро аз дигар созмонҳои террористӣ ҷалб дорад ва аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, инчунин миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ҷонибюдор меҷӯяд. Дар кишварҳои ИДМ шабакаҳои террористии пинҳонӣ таъсис дода мешаванд, каналҳои таъмин таъсис ва ҳамлаҳои террористӣ ба нақша гирифта мешаванд.
Бортников қайд кард, ки “Вилояти Хуросон”*, гурӯҳҳои ҷиҳодии марбут ба он ва мухолифини мусаллаҳи зиддитолибон, "бо дастгирии фаъоли хадамоти иктишофии Бритониё, кӯшишҳои худро барои заиф кардани ҳукумат дар Кобул идома медиҳанд ва мехоҳанд минтақаҳои берун аз назорати Толибон**, асосан дар шимолро васеъ кунанд.
“Бо такя ба ин минтақа, "ғарбиён умедворанд, ки баъдан ба вазъият дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба манфиати худ таъсир расонанд", - гуфт ӯ.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Русия
** -гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.