Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Оқибатҳои харобиовар." “Орешник” дар Ғарб воҳима ангехт

© AP / Zoya ShuПоследствия авиаудара по Киеву 24 мая 2026 года.
Последствия авиаудара по Киеву 24 мая 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2026
Обуна шудан
CNN қайд кард, ки Русия мушаки “Орешник”-ро дар яке аз бузургтарин ҳамлаҳо ба минтақаи Киев аз замони оғози амалиёти вижаи низомӣ истифода кардааст.
ДУШАНБЕ, 25 мая - Sputnik. Расонаҳои ғарбӣ ба ҳамлаи Русия ба Украина бо истифода аз мушаки баллистикии “Орешник” вокуниши шадид нишон доданд.
ВАО ҳам ба паёмадҳои ҳамла ва ҳам ба хусусиятҳои техникии силоҳ тамаркуз мекунанд.
Рӯзномаи бритониёии The Telegraph хотиррасон кард, ки Русия садҳо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакро ба Киев партоб кардааст, аз ҷумла мушаки “Орешник”, ки метавонад кулоҳи ҳастаӣ дошта бошад.
Дар он қайд карда мешавад, ки ин силоҳ бо суръати 10 маротиба тезтар аз суръати садо ҳаракат мекунад ва боздоштанаш ғайриимкон аст.
Тибқи иттилои The New York Times, мушаки “Орешник” ҳангоми парвоз якчанд кулоҳакҳои ҷангиро партоб мекунад, ки дар масирҳои нишеб фуруд меоянд ва боздоштанаш бо низоми дифоъи ҳавоии Patriot-и амрикоӣ ғайриимкон аст.
The Independent хабар медиҳад, ки ба пойтахти Украина пас аз ҳамлаи ҷавобии Русия бо истифода аз мушаки “Орешник” оқибатҳои харобиовар расид.
CNN қайд кард, ки Русия мушаки “Орешник”-ро дар яке аз бузургтарин ҳамлаҳо ба минтақаи Киев аз замони оғози амалиёти вижаи низомӣ истифода кардааст.
Суръат ва масираш онро барои системаҳои мавҷудаи дифоъи ҳавоии Украина қариб осебнопазир мегардонад. "Ин танҳо бори сеюм аст, ки Русия ин мушакро истифода мебарад", - изҳор медорад нашрия.
The Daily Express қайд кард, ки истифодаи ин мушаки "даҳшатнок", ки қодир аст ҳам кулоҳакҳои ҳастаӣ ва ҳам анъанавиро интиқол диҳад, қисми мавҷи даҳшатноке буд, ки шабона Киев аз сар гузаронд.
Иностранные журналисты посетили Старобельск и Луганск  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков дар бораи радди сафар аз ҷониби бархе расонаҳо ба Старобилск изҳори назар кард
Дар посух ба ҳамлаҳои Украина, рӯзҳои шанбе ва якшанбе артиши Русия ба иншооти низомии Украина бо мушакҳои “Орешник”, “Кинжал”, “Искандер” ва “Сиркон” зарба зад.
Ин ҳамлаҳо ба ҳама ҳадафҳо расида, посух ба ҳамлаҳои террористии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина буданд. Вазорати дифоъ таъкид кард, ки ҳамлаҳо ба инфрасохтори низомь
Лентаи хабарҳо
0