Нақшаи даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон пеш аз муҳлат пурра иҷро шуд

© Foto / Пресс-служба председателя Хатлонской областиВесенний призыв новобранцев в таджикскую армию.
Весенний призыв новобранцев в таджикскую армию.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2026
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз анҷоми даъвати баҳории наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар хабар дода, афзуд, ки нақша пеш аз муҳлат иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории ҷавоно ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар пеш аз муҳлат ба анҷом расид.
Дар ин бора дафтари Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод.
Таъкид шудааст, ки аз якуми апрели соли равон бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро дар рӯзи аввал иҷро намуданд.
Ҳамин тавр дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд.
Ҳамзамон ба таъкиди вазорат, масъулини вобастагардидаи даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд низ саривақт ин маъракаи муҳими сиёсиро ба анҷом расониданд.
"Мусаллам аст, ки дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, сатҳу сифати чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ хуб ба назар мерасад",- афзудааст манбаъ.

Даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008, ки якуми апрел оғоз шуда буд, қариб ду моҳ давом кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозии алтернативӣ низ вуҷуд дорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.

Аз якуми сентябри соли 2023 арзиши хидмати пулакӣ дар артиши Тоҷикистон 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардид. Як нишондиҳанда дар тарҳи буҷа барои соли оянда 78 сомонӣ муқаррар шудааст.
Парад в Душанбе с участием Эмомоали Рахмона  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2026
Низомиёни пойгоҳи 201-ум барои артиши Тоҷикистон ҳазорон мутахассис омода карданд
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, соли 2026 ҳудуди 58,5 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад, ки нисбат ба як соли қаблӣ 2,2 ҳазор сомонӣ боло рафтааст.
Болоравии ҳаққи хизмати пулакӣ дар ҳайати сафарбаркунӣ бо зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо рабт дорад, ки аз аввали соли равон ба 78 сомонӣ баробар гардид.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0