Раҳмон ба Ҷинпин дар робита ба фоҷиаи маргбод дар як кони Чин изҳори тасаллият кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон дал интервью агентству "Синьхуа".
Эмомали Рахмон дал интервью агентству Синьхуа. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2026
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандону наздикони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти ва ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтару хостааст.
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Президенти Тоҷикистон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, номаи таслият дар робита ба садамаи маргбор дар яке аз конҳои ангишти Чин ирсоз шуд.
“Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони кишвари дӯст бар асари садамаи шадид дар яке аз конҳои ангишти музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси ғояти андӯҳи инҷониб гардид”,- омадааст дар паёми таслият.
Дар иртибот ба ин мусибати гарон Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандону наздикони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти ва ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтару хостааст.
Рӯзи ҷумъа дар кони ангишти Лушеню дар ноҳияи Тсинюан таркиши газ рух дод, ки он замон 247 коргар дар дохили он буданд.
Тибқи гузоришҳои охирин, 90 нафари онҳо кушта шудаанд.
Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот идома дорад ва сабаби садама таҳқиқ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0