https://sputnik.tj/20260523/rusiya-khabarnigoron-khoriji-starobelsk-1077768584.html
Русия хабарнигорони хориҷиро ба макони фоҷиаи Старобелск мебарад
Русия хабарнигорони хориҷиро ба макони фоҷиаи Старобелск мебарад
Sputnik Тоҷикистон
Қарор, дар бораи расонаҳои хориҷӣ бо изҳороти бардурӯғи мақомоти ғарбӣ рабт дорад
2026-05-23T18:02+0500
2026-05-23T18:02+0500
2026-05-23T18:02+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
хабарнигор
хориҷӣ
фоҷиа
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/16/1077746546_0:254:3187:2047_1920x0_80_0_0_9e58c0e7d726799b288c54cfc313249b.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Русия барои хабарнигорони хориҷӣ сафар ба макони фоҷиа дар Старобилск, Ҷумҳурии Халқии Луганск (ҶХЛ) - ро ташкил мекунад.Дар ин бора Мария Захарова, сухангӯи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия (ВКХ) эълон кард."Бо назардошти дурӯғҳои ошкорое, ки дирӯз дар Шӯрои Амнияти СММ аз ҷониби ғарбиён, бахусус намояндаи доимии шармандашудаи Латвия, паҳн карданд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба коллеҷи Старобилск ҳамла накардаанд, мо барои хабарнигорони аккредитатсияшуда дар Маскав сафари макони фоҷиаро ташкил мекунем", - навиштааст дипломат дар канали Telegram-и худ.Вай бо тамасхур изҳори умедворӣ кард, ки BBC ва CNN таътил намегиранд.Ёдовар мешавем, ки шаби 22 май Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин ба бинои таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи касбии Старобилски Донишгоҳи омӯзгории Луганск ҳамла карданд.Дар вақти ҳамла 86 навраси аз 14 то 18-сола дар он ҷо қарор доштанд. Тибқи маълумоти охирини Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, дар паи ин ҳодиса, 48 нафар маҷрӯҳ шудаанд, ки 10 нафари онҳо фавтидаанд.Роҳбари ҶХЛ Леонид Пасечник гуфт, ки 11 нафар то ҳол бедарак шудаанд. Президент Владимир Путин ба Вазорати дифоъ дастур дод, ки пешниҳодҳоро барои вокуниш ба ҳамла омода кунад. Ӯ инчунин аз нерӯҳои Украина даъват кард, ки фармонҳои фармондеҳии худро иҷро накунанд. Тафтишоти террористӣ оғоз шудааст.
https://sputnik.tj/20260523/nebenzya-hamla-kollej-omuzgori-jinoyat-1077760894.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/16/1077746546_458:0:3187:2047_1920x0_80_0_0_73c76ea0c5548657ef6b32fbf6987ac2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, хабарнигор, хориҷӣ, фоҷиа, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
русия, украина, хабарнигор, хориҷӣ, фоҷиа, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Русия хабарнигорони хориҷиро ба макони фоҷиаи Старобелск мебарад
Қарор, дар бораи расонаҳои хориҷӣ бо изҳороти бардурӯғи мақомоти ғарбӣ рабт дорад
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Русия барои хабарнигорони хориҷӣ сафар ба макони фоҷиа дар Старобилск, Ҷумҳурии Халқии Луганск (ҶХЛ) - ро ташкил мекунад.
Дар ин бора Мария Захарова, сухангӯи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия (ВКХ) эълон кард.
"Бо назардошти дурӯғҳои ошкорое, ки дирӯз дар Шӯрои Амнияти СММ аз ҷониби ғарбиён, бахусус намояндаи доимии шармандашудаи Латвия, паҳн карданд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба коллеҷи Старобилск ҳамла накардаанд, мо барои хабарнигорони аккредитатсияшуда дар Маскав сафари макони фоҷиаро ташкил мекунем", - навиштааст дипломат дар канали Telegram-и худ.
Вай бо тамасхур изҳори умедворӣ кард, ки BBC ва CNN таътил намегиранд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 22 май Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин ба бинои таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи касбии Старобилски Донишгоҳи омӯзгории Луганск ҳамла карданд.
Дар вақти ҳамла 86 навраси аз 14 то 18-сола дар он ҷо қарор доштанд. Тибқи маълумоти охирини Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, дар паи ин ҳодиса, 48 нафар маҷрӯҳ шудаанд, ки 10 нафари онҳо фавтидаанд.
Роҳбари ҶХЛ Леонид Пасечник гуфт, ки 11 нафар то ҳол бедарак шудаанд.
Президент Владимир Путин ба Вазорати дифоъ дастур дод, ки пешниҳодҳоро барои вокуниш ба ҳамла омода кунад. Ӯ инчунин аз нерӯҳои Украина даъват кард, ки фармонҳои фармондеҳии худро иҷро накунанд. Тафтишоти террористӣ оғоз шудааст.