Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Медведев: Фурӯпошии Украина ногузир аст

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2026
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, ки суқути Украина аз нигоҳи таърихӣ ногузир аст
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев эълон кард, ки фурӯпошии Украина аз ҷиҳати таърихӣ ногузир аст.
"Аз нигоҳи таърихӣ, фурӯпошии ба ном Украина ногузир аст", - навиш ӯ дар платформаи Макс.
Дмитрий Медведев, таъкид кардааст, ки изҳороти Ғарб дар бораи дастгирӣ ва ваъдаҳои бардурӯғи пайвастан ба НАТО ё Иттиҳзодияи Аврупо, Украинаро аз парокандагӣ боз намедорад.
"Ҳеҷ гуна изҳороти таблиғотии кишварҳои Ғарб дар бораи дастгирии бемаҳдуди ҷаҳонӣ ва ваъдаҳои бардурӯғи пайвастан ба НАТО ё ИА Украинаро аз парокандагӣ бознамедоранд", - афзудааст Медведев.
Вай илова кард, ки ҳоло Украинаро амалан хориҷиён ва созмонҳои байналмилалӣ идора мекунанд.
Боевая работа 34-й артиллерийской дивизии на Харьковском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Як сиёсатмадори финландӣ таъкид кард, ки Русия дар ҷанги Украина пирӯз мешавад
"Украина таҳти режими назорати беруна зиндагӣ мекунад; фаъолияти давлатро амалан мақомоти хориҷӣ ва байналмилалӣ идора мекунанд", - навишт Медведев.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия харобшавии Украинаро раванди бебозгашт номид, ки идома хоҳад ёфт.
Вай дар платформаи Макс навишт, ки харобии давлатдории Украинаи як раванди бебозгашт аст ва он идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0