Мақомоти иддао дорад, ки дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор морхӯр мавҷуд аст

© Foto / Комитет по охране окружающей среды Таджикистана.Винторогий козел
Винторогий козел - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон пешниҳод кард, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯрро дар Душанбе таҷлил намоянд
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор сар Морхӯр ё Пармашох мавҷуд аст.
Дар ин бора раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк, ки ба Рӯзи байналмилалии Морхӯр бахшида шуда буд, хабар дод.
Ба гуфтаи вай Морхурдар нигоҳдории солимӣ, тавозун ва устувории экосистемаҳои кӯҳӣ нақши муҳим дорад.
“Саршумори морхӯр дар кишвар аз тақрибан 300 сар дар солҳои 1990-ум то ба зиёда аз 7000 сар дар замони ҳозира расидааст”, - таъкид кард раиси Кумита.
Вай таъкид кард, ки ин барқароршавӣ натиҷаи татбиқи пайвастаи тадбирҳои ҳифзи табиат, мониторинги саҳроӣ, ҷалби ҷамоатҳои маҳаллӣ ва идоракунии масъулиятноки олами ҳайвоноти ваҳшӣ мебошад.
Ҳамчунин, ӯ пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.
Шерализода бар зарурати тақвияти мониторинги мунтазами илмӣ, тавсеаи ҳамкориҳои фаромарзӣ ва сармоягузорӣ ба маърифати экологии ҷавонон таъкид кард.
Дар Тоҷикистон шумори ҳайвоноти нодир барои шикор дар мавсими 2026-2027 эълон шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2026
Дар Тоҷикистон шумори ҳайвоноти нодир барои шикор дар мавсими 2026-2027 эълон шуд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии Морхӯр соли 2024 бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қабул шуда, мувофиқи он ҳамасола 24-уми май таҷлил мешавад.
Морхӯр яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ буда, дар Тоҷикистон ба “Китоби сурхи Тоҷикистон” дохил шудааст ва шикораш танҳо тариқи иҷозатнома дар шумораи маҳдуд иҷозат аст.
Мувофиқи қарори имсолаи ҳукумати кишвар, шикори 24 сар бузи Морхӯр дар солҳои 2026-2027 иҷоза дода шудааст. Арзиши гирифтани иҷозатнома барои шикори ин ҳайвони нодир дар соли 2025-ум 408 ҳазору 687 сомонӣ муқаррар гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0