Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Мирошник: Украинҳо намехоҳанд барои режими Киев биҷанганд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкПосол по особым поручениям МИД России Родион Мирошник в Международном мультимедийном пресс-центре медиагруппы "Россия сегодня".
Посол по особым поручениям МИД России Родион Мирошник в Международном мультимедийном пресс-центре медиагруппы Россия сегодня. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2026
Обуна шудан
Дипломати рус мегӯяд, ки шаҳрвандони Украина ангезаи мубориза барои режими Киев надоранд.
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Сафири Вазорати корҳои хориҷии Русия Родион Мирошник дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, ки шаҳрвандони Украина ангезаи мубориза барои режими Киев надоранд.
"Мувофиқи маълумоти соли гузашта, 311 000 парвандаи ҷиноӣ (дар Украина) барои тарки беиҷозати қисми низомӣ кушода шудааст. Зиёда аз 50 000 парванда барои фирор аст. Шумораи таъқиби расмӣ дар тарафи Украина хеле зиёд аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аҳолии осоишта намехоҳад барои барои режими Киев муборизаро идома диҳад", - гуфт Мирошник ба агентӣ.
Нашрияи украинии NV бо истинод ба маълумоти Додситонии кулл, дар моҳи ноябри соли 2025 хабар дод, ки шумораи парвандаҳои ҷиноии кушода дар Украина барои тарки беиҷозати қисми низомӣ низомӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Украина аз моҳи феврали соли 2022 аз 311 000 адад гузаштааст.
Празднование Дня независимости Латвии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мардуми Латвия аз Украина пуштибонӣ намекунанд, гуфт як узви Шӯрои шаҳри Рига
Дар маҷмӯъ, дар Украина барои тарки беиҷозати қисми низомӣ 255 000 парванда ва барои фирор аз хизмат 56 200 парвандаи дигар кушода шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0