Дидору мулоқоти Муҳриддин ва Лавров дар Маскав: Ду вазир аз чиро баррасӣ карданд?

© МИД ТАджикистана Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин, в Москве провел встречу с главой МИД РФ Сергеем Лавровым
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин, в Москве провел встречу с главой МИД РФ Сергеем Лавровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2026
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафари корӣ ба Маскав омад, то дар маросими қабули капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон иштирок кунад
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав мулоқот кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
"Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, инчунин оид ба мавзуъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд", - шарҳ дод вазорат.
Қайд карда мешавад, ки Сироҷиддин Муҳриддин барои иштирок дар маросими қабули капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нисор Муҳаммад ба Маскав сафар кардааст.
Қоҳир Расулзода қайд кард, ки Русия шарики калидии стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2026
Қоҳир Расулзода қайд кард, ки Русия шарики калидии стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Қаблан дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон маросими супурдани хок аз оромгоҳи фармондеҳи бригада Томин баргузор шуд.

Зарфи хокро ба намояндагони вилояти Қӯрғон супурданд. Дар макони дафн маросими гулчанбаргузорӣ низ баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0