https://sputnik.tj/20260516/sokinoni-tojikiston-parvoz-sharm-al-shaykh-qohira-misr-1077568222.html
Барои сокинони Тоҷикистон парвозҳо ба Шарм-Ал-Шайх ва Қоҳира дастрас мешавад
Барои сокинони Тоҷикистон парвозҳо ба Шарм-Ал-Шайх ва Қоҳира дастрас мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
2026-05-16T12:23+0500
2026-05-16T12:23+0500
2026-05-16T12:23+0500
дар тоҷикистон
миср
авиатсияи гражданӣ
парвоз
парвозҳои мустақим
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102935/09/1029350932_0:164:2344:1483_1920x0_80_0_0_04b6b9496bb7cded8f26533de09d1196.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мая - Sputnik. Кушодани парвозҳо байни Душанбе ва Миср ва дигар шаҳрҳо дар мулоқоти директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Миср Самеҳ Муҳаммад Фаузӣ ва роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Air Cairo ва EgyptAir баррасӣ шуд.Дар бора Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.Ба иттилои манбаъх, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, кушодани парвозҳо байни пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳо, ҳамзамон кушодани парвозҳои боркашонӣ (карго)-ро муҳокима намуданд.Хабар дода шуд, ки дар ин дидор ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Арабии Миср ба имзо расид.Агентии авиатсияи гражданӣ қайд кардааст, ки ният дорад ҳамкориро барои ташкили парвозҳои доимӣ дар самти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо шаҳрҳои сайёҳии Шарм Ал Шайх ва Қоҳираи Миср ва ширкатҳои ҳавопаймоии Air Cairo ва EgyptAir ба роҳ монад.Ин ниҳод қайд кардааст, ки ташкили парвозҳо байни пойтахтҳо ва шаҳрҳои сайёҳии Арабии Миср имкон медиҳад, ки рафту омади сайёҳон дар ҳарду ҷониб осон гардида, ба рушди сайёҳӣ ва пешрафти иқтисодиёти ҳарду давлат мусоидат намояд.Агентӣ ёдовар шудааст, ки ҳайати Маъмурияти авиатсияи граждании Миср Самеҳ Муҳаммад Фаузӣ ва роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Air Cairo ва EgyptAir бо даъвати ҷониби Агентии авиатсияи граждании кишвар ба Душанбе ташриф овардаанд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/54395
миср
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102935/09/1029350932_62:0:2146:1563_1920x0_80_0_0_4b651713933e3518eca98668c8b76767.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, миср, авиатсияи гражданӣ, парвоз, парвозҳои мустақим, нақлиёт
дар тоҷикистон, миср, авиатсияи гражданӣ, парвоз, парвозҳои мустақим, нақлиёт
Барои сокинони Тоҷикистон парвозҳо ба Шарм-Ал-Шайх ва Қоҳира дастрас мешавад
Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 16 мая - Sputnik. Кушодани парвозҳо байни Душанбе ва Миср ва дигар шаҳрҳо дар мулоқоти директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Миср Самеҳ Муҳаммад Фаузӣ ва роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Air Cairo ва EgyptAir баррасӣ шуд.
Дар бора Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъх, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, кушодани парвозҳо байни пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳо, ҳамзамон кушодани парвозҳои боркашонӣ (карго)-ро муҳокима намуданд.
Хабар дода шуд, ки дар ин дидор ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Арабии Миср ба имзо расид.
Агентии авиатсияи гражданӣ қайд кардааст, ки ният дорад ҳамкориро барои ташкили парвозҳои доимӣ дар самти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо шаҳрҳои сайёҳии Шарм Ал Шайх ва Қоҳираи Миср ва ширкатҳои ҳавопаймоии Air Cairo ва EgyptAir ба роҳ монад.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки ташкили парвозҳо байни пойтахтҳо ва шаҳрҳои сайёҳии Арабии Миср имкон медиҳад, ки рафту омади сайёҳон дар ҳарду ҷониб осон гардида, ба рушди сайёҳӣ ва пешрафти иқтисодиёти ҳарду давлат мусоидат намояд.
Агентӣ ёдовар шудааст, ки ҳайати Маъмурияти авиатсияи граждании Миср Самеҳ Муҳаммад Фаузӣ ва роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Air Cairo ва EgyptAir бо даъвати ҷониби Агентии авиатсияи граждании кишвар ба Душанбе ташриф овардаанд.