Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Симонян: ИА ҳеҷ гоҳ ба Шредер иҷозат нахоҳад дод, ки бо Русия гуфтушунид кунад

© Sputnik Главный редактор телеканала RT и МИА "Россия Сегодня" Маргарита Симоньян
Главный редактор телеканала RT и МИА Россия Сегодня Маргарита Симоньян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2026
Обуна шудан
Симонян бовар дорад, ки Русия номзадии раҳбари дипломатияи аврупоӣ Кая Калласро ҳамчун музокиракунанда қабул намекунад
ДУШАНБЕ, 16 май - Sputnik. Аврупо ҳеҷ гоҳ ба собиқ канслери Олмон Герхард Шредер иҷозат нахоҳад дод, ки бо Русия гуфтушунид кунад.
Дар ин бора, сармуҳаррири гурӯҳи расонаҳои "Россия Сегодня" ва шабакаи телевизионии RT Маргарита Симонян изщори назар кард.
"Чаро бар зидди Шредер? Маҳз аз он сабаб, ки Путин ӯро пешниҳод кард", - посух дод Симонян ба савол дар бораи он ки чаро Аврупо бар зидди Шредер аст.
Ӯ афзуд, ки Аврупо барои хотима додан ба низоъ дар Украина ба музокирот ниёз надорад.
"Онҳо ба музокирот аз сабабе ниёз доштанд, ки ба созишномаҳои Минск ниёз доштанд. Барои он ки корҳоро ба таъхир андозанд, ба таъхир андозанд ва моро хаста кунанд", - шарҳ дод Симонян.
Симонян бовар дорад, ки Русия эҳтимол номзадии раҳбари дипломатияи аврупоӣ Кая Калласро ҳамчун музокиракунанда қабул намекунад.
"Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ ба Шредер иҷозат намедиҳанд", - хулоса кард ӯ.
Пресс-конференция президента Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Аҳамияти 9 май, намоянда аз ИА ва поёни низои Украина: нуқоти калидӣ аз суханронии Путин
Президенти Русия Владимир Путин ҳангоми посух додан ба саволҳои рӯзноманигорон дар бораи ҳамсӯҳбати эҳтимолӣ дар музокирот бо Аврупо, изҳори назар кард, ки шахсан ӯ собиқ канслери Олмон Герхард Шредерро афзалтар медонад, аммо қайд кард, ки аврупоиҳо бояд роҳбареро интихоб кунанд, ки ба ӯ эътимод доранд ва изҳороти сахте алайҳи Русия накардааст.
Путин таъкид кард, ки ин Аврупо буд, ки аз музокирот даст кашид, на Русия.
Лентаи хабарҳо
0