Ошкори хамираи дандоншӯӣ қалбакӣ дар Тоҷикистон

© Таджикстандарт Подделная зубная пасата Сплат
Подделная зубная пасата Сплат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2026
Обуна шудан
Тоҷикстандарт аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз хариди хамираи дандоншӯӣ қалбакии бренди Русия, ки ахиран дар бозори кишвар пайдо шудааст, худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 15 мая - Sputnik. Тоҷикстандарт аз сокинон талаб кардааст, ки аз маҳсулоти аслии як ширкати русӣ, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хамираи дандоншӯӣ машғул мебошад, харидорӣ намоянд ва аз харидории маҳсулоти қалбакӣ, худдорӣ намоянд.
Ин ниҳоди давлатӣ ҳушдор додааст, ки маҳсулоти қалбакӣ ба ягон талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, сифат, бехатарӣ ҷавобгӯ намебошад.
“Ҳамчунин, маҳсулоти қалбакӣ дорои ягон ҳуҷҷати расмӣ, хусусан сертификати мутобиқат нест”, - таъкид кардааст манбаъ.
Тоҷикстандарт қайд кардааст, ки мониторинг ва корҳои фаҳмондадиҳиро оғоз намуда, миқдори муайяни маҳсулоти қалбакӣ аз муомилот гирифтааст.
Ин ниҳод зикр кардааст, ки айни замон корҳо дар ин самт идома доранд.
Ба итттилои Тоҷикистандарт дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариш ёфтани бозори истеъмолӣ баъзе нафарон барои ба даст овардани манфиати зиёд бо истифода аз номгӯйи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, маҳсулоти қалбакӣ ё ба истилоҳ (подделка)-и онро омода намуда, ба муомилот мебароранд.
Ошкори маҳсулоти ғизоии пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта дар Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2026
Дар Кӯлоб 25,5 тонна намаки ғайримеъёрӣ аз фурӯш гирифта шуд
“Дар асл онҳо бо тамғаи маҳсулоти аслӣ маҳсулоти қалбакии худро истеҳол мекунанд, вале сифат, ғизонокӣ, бехатарӣ, мазза, тамъ ва дигар хусусияти маҳсулоти аслиро надоранд”, -мегӯяд Тоҷикистандарт.
Таъкид шудааст, ки баъзе аз маҳсулоти қалбакӣ тавре орову зебо менамоянд, ки зоҳири онро аз маҳсулоти аслӣ фарқ кардан бисёр душвор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0