Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Шойгу: Украина бояд ба мақоми бетараф ва ғайриҳастаӣ баргардад

© Sputnik / Юрий Кочетков / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совета безопасности РФ Сергей Шойгу на пленарном заседании XIII встречи секретарей Cоветов безопасности государств – участников СНГ в Москве.
Секретарь Совета безопасности РФ Сергей Шойгу на пленарном заседании XIII встречи секретарей Cоветов безопасности государств – участников СНГ в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
Обуна шудан
Котиби Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки Украина бояд ба мақоми бетараф ва ғайриҳастаӣ баргардад
ДУШАНБЕ, 14 мая - Sputnik. Украина бояд ба принсипҳои давлати бетараф ва ғайриҳастаӣ, ки дар эъломияи соли 1990 дар бораи соҳибихтиёрии давлатии худ зикр шудаанд, баргардад.
Дар ин бора Сергей Шойгу, котиби Шӯрои амнияти Русия, дар ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Бишкек изҳор дошт.
Оқои Шойгу таъкид кард, ки мавқеи Русия дар мавриди Украина тағйир наёфтааст.
Вай гуфт сулҳи устувор танҳо дар сурате имконпазир аст, ки ҳамаи сабабҳои аслии низоъ бартараф карда шаванд.
"Бӯҳрони Украина намунаи равшани меъёрҳои дугона аст. Мавқеи мо дар ин ҷо тағйир наёфтааст. Сулҳи устувор танҳо дар сурате имконпазир аст, ки ҳамаи сабабҳои аслии низоъ бартараф карда шаванд, чунон ки президенти Русия Владимир Владимирович Путин борҳо таъкид кардааст", - гуфт Шойгу.
Инчунин Котиби Шӯрои Амнияти Русия гуфт, ки Русия усулҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли низоъи Украина, аз ҷумла миёнҷигарии созандаи дигар кишварҳоро рад намекунад.
Рютте пешниҳод кард, ки кишварҳои НАТО 0,25%-и ММД-и худро барои кӯмак ба Украина ҷудо кунанд, хабар медиҳад Politico - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
Рютте пешниҳод кард, ки кишварҳои НАТО 0,25%-и ММД-и худро барои кӯмак ба Украина ҷудо кунанд, хабар медиҳад Politico.
Ёдовар мешавем, ки СҲШ як созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои он Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон, Узбакистон ва Беларус мебошанд.
Кишварҳои шарики ин Созмон Афғонистон, Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Миср, Камбоҷа, Қатар, Кувайт, Лаос, Молдив, Муғулистон, Мянмар, Непал, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0