Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Мақомоти Украина гуфт дар як рӯз барои ҷанг бо Русия чӣ қадар пул сарф мекунад

© REUTERS /Sofiia GatilovaВоеннослужащий 13-й оперативной бригады Национальной гвардии Украины заряжает боеприпасы в самоходную гаубицу "Богдана", Харьковская область.
Военнослужащий 13-й оперативной бригады Национальной гвардии Украины заряжает боеприпасы в самоходную гаубицу Богдана, Харьковская область. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2026
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Украина ошкор кард, ки давлаташ барои як рӯзи ҷанг чӣ қадар пул масраф мекунад
ДУШАНБЕ, 13 мая - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Украина Андрий Сибига изҳор дошт, ки як рӯзи ҷанг барои Украина тақрибан 450 миллион доллар арзиш дорад.
"Як рӯзи ҷанг тақрибан 450 миллион доллар арзиш дорад. Ин барои мо як мушкили ҷиддӣ аст", - гуфт ӯ дар конфронси PISM Strategic Ark Conference.
Ба гуфтаи Сибига, имкон дорад имсол барои барқарор кардани сулҳ ҳалкунанда бошад. Аммо ин иштироки Амрикоро талаб мекунад, илова кард ӯ.
Дар охири моҳи апрел кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо қарзи 90 миллиард евроро ба Украина тасдиқ карданд.
Генеральный директор Российского фонда прямых инвестиций (РФПИ), cпециальный представитель президента РФ по инвестиционно-экономическому сотрудничеству с зарубежными странами Кирилл Дмитриев.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дмитриев: Коғазбозони Иттиҳодияи Аврупо фасодро дар Украина намебинанд
Комиссияи Аврупо эълон кард, ки қисмати аввали 9 миллиард евро то охири моҳи июл интиқол дода мешавад, ки аз он қариб 6 миллиард евро барои силоҳ ва танҳо 3 миллиард евро барои дастгирии буҷаи Украина сарф мешавад.
Ёдовар мешавем, ки президенти ИМА Доналд Трамп иддао дорад, ки низоъ дар Украина "ба зуди" ба анҷом мерасад.
"Ман фикр мекунам, ки поёни ҷанг дар Украина хеле наздик аст", - гуфт Трамп пеш аз сафар ба Чин ба хабарнигорон дар Кохи Сафед.
Лентаи хабарҳо
0