https://sputnik.tj/20260513/taboduli-kolo-tojikistonu-qazoqiston-kishovarzi-afzoish-1077515435.html
Табодули коло миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ дар се моҳ 26% афзоиш ёфт
Табодули коло миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ дар се моҳ 26% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти Қазоқистон гардиши мол дар бахши кишоварзӣ дар соли равон бо ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли мусбат нишон додааст
2026-05-13T16:24+0500
2026-05-13T16:24+0500
2026-05-13T16:24+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
ҳамкорӣ
кишоварзӣ
табодули мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/0d/1077515262_0:0:1081:608_1920x0_80_0_0_f68589b9d999fb38d79add295b6408ed.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мая - Sputnik. Тоҷикистон ва Қазоқистон ният доранд дар нимаи дуюми соли 2026 харитаи роҳ дар бораи ҳамкорӣ дар бахши кишоварзиро ба имзо расонанд.Дар ин бора зимни вохӯрии Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо Айдарбек Сапаров, ҳамтои қазоқаш дар доираи ҳамоиши 35-уми минтақавиии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Душанбе таъкид доштааст.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати кишоварзии Қазоқистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъх, ҷонбиҳо дурнамои густариши ҳамкории мутақобила дар бахши кишоварзӣ, масоили амнияти озуқаворӣ, рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, инчунин роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар ин соҳаро баррасӣ кардаанд.Ба иттилои Айдарбек Сапаров, соли 2025 ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар 11,5% афзуда, ба 595 млн доллар расид ва дар соли равон низ тамоюли мусбат ба мушоҳида мерасад.Вай афзуд, ки дар се моҳ ҳаҷми савдои дуҷониба 26,1% афзуда, 182 млн долларро ташкил додааст.Қайд карда шудааст, ки асоси маҳсулоти содиротӣ аз Қазоқистонро орду гандум, равғани растанӣ, ҷуворимакка, маҳсулоти гӯштӣ ва дигар молҳо ташкил медиҳанд.Ҳамзамон вазири қазоқ омодагии худро дар бораи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли орд, коркарди маҳсулоти чорводорӣ, истеҳсоли маснуоти қаннодӣ, равғани растанӣ, шарбатҳои табиӣ ва консентратҳо баён кардааст, ки дар қаламрави Қазоқистон бо ҷалби сармоягузорӣ аз Тоҷикистон сохта мешавад.“Табодули мунтазами маълумот дар бораи чорабиниҳо дар соҳаи кишоварзӣ, фаъолсозии ҳамкорӣ дар соҳаи селексия ва тухмикорӣ, инчунин таҳкими шарикӣ дар соҳаи илмҳои кишоварзӣ бо шумули табодули донишу таҷриба ва технологияҳоро пешниҳод мекунем. Амалисозии ташаббусҳои муштарак ба таъмини амнияти озуқавории кишварҳоямон ва густариши содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард”, – гуфт вазири кишоварзии Қазоқистон.Дар ҳамин ҳол, Қурбон Ҳакимзода, манфиатдорииТоҷикистонродар густаришишарикӣ бо Қазоқистонтасдиқ карда, аз имконотизиёди ҳамкориҳородар соҳаҳои савдо, коркрадимаҳсулотикишоварзӣ, улуми кишоварзӣва ҷорисозиитехнологияҳоимуосир зикр кардааст.
https://sputnik.tj/20260417/tojikiston-qasd-qazoqiston-mln-tonna-ghalla-kharad-1076902022.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/0d/1077515262_51:0:1011:720_1920x0_80_0_0_0d950f8a46d25eba54832588e0acc43a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қазоқистон, ҳамкорӣ, кишоварзӣ, табодули мол
дар тоҷикистон, қазоқистон, ҳамкорӣ, кишоварзӣ, табодули мол
Табодули коло миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ дар се моҳ 26% афзоиш ёфт
Ба иттилои мақомоти Қазоқистон гардиши мол дар бахши кишоварзӣ дар соли равон бо ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли мусбат нишон додааст
ДУШАНБЕ, 13 мая - Sputnik. Тоҷикистон ва Қазоқистон ният доранд дар нимаи дуюми соли 2026 харитаи роҳ дар бораи ҳамкорӣ дар бахши кишоварзиро ба имзо расонанд.
Дар ин бора зимни вохӯрии Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо Айдарбек Сапаров, ҳамтои қазоқаш дар доираи ҳамоиши 35-уми минтақавиии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Душанбе таъкид доштааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати кишоварзии Қазоқистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъх, ҷонбиҳо дурнамои густариши ҳамкории мутақобила дар бахши кишоварзӣ, масоили амнияти озуқаворӣ, рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, инчунин роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар ин соҳаро баррасӣ кардаанд.
Ба иттилои Айдарбек Сапаров, соли 2025 ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар 11,5% афзуда, ба 595 млн доллар расид ва дар соли равон низ тамоюли мусбат ба мушоҳида мерасад.
Вай афзуд, ки дар се моҳ ҳаҷми савдои дуҷониба 26,1% афзуда, 182 млн долларро ташкил додааст.
Қайд карда шудааст, ки асоси маҳсулоти содиротӣ аз Қазоқистонро орду гандум, равғани растанӣ, ҷуворимакка, маҳсулоти гӯштӣ ва дигар молҳо ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон вазири қазоқ омодагии худро дар бораи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли орд, коркарди маҳсулоти чорводорӣ, истеҳсоли маснуоти қаннодӣ, равғани растанӣ, шарбатҳои табиӣ ва консентратҳо баён кардааст, ки дар қаламрави Қазоқистон бо ҷалби сармоягузорӣ аз Тоҷикистон сохта мешавад.
“Табодули мунтазами маълумот дар бораи чорабиниҳо дар соҳаи кишоварзӣ, фаъолсозии ҳамкорӣ дар соҳаи селексия ва тухмикорӣ, инчунин таҳкими шарикӣ дар соҳаи илмҳои кишоварзӣ бо шумули табодули донишу таҷриба ва технологияҳоро пешниҳод мекунем. Амалисозии ташаббусҳои муштарак ба таъмини амнияти озуқавории кишварҳоямон ва густариши содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард”, – гуфт вазири кишоварзии Қазоқистон.
Дар ҳамин ҳол, Қурбон Ҳакимзода, манфиатдорииТоҷикистонродар густаришишарикӣ бо Қазоқистонтасдиқ карда, аз имконотизиёди ҳамкориҳородар соҳаҳои савдо, коркрадимаҳсулотикишоварзӣ, улуми кишоварзӣва ҷорисозиитехнологияҳоимуосир зикр кардааст.