https://sputnik.tj/20260508/maqomot-muhojiron-intiqoli-mablag-ghayriqonuni-khuddori-1077368234.html
Мақомот аз муҳоҷирон хостааст, ки аз интиқоли маблағҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд
Мақомот аз муҳоҷирон хостааст, ки аз интиқоли маблағҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки барои интиқоли маблағҳои ғайриқонунӣ дар Русия ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст
2026-05-08T10:41+0500
2026-05-08T10:41+0500
2026-05-08T10:41+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
интиқоли пул
ғайриқонунӣ
русия
намояндагии вазорати меҳнат дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1a/1076336266_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_9476d5505ae99fd08065f3d3167290ce.jpg
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба муҳоҷирони меҳнатии кишвар, ки дар Русия қарор доранд, ҳушдор додааст, ки аз интиқоли маблағҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд.Ин ниҳод ба муҳоҷирон огаҳӣ додааст, ки аз анҷом додани амалиётҳои бонкӣ, хизматрасониҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳо ба кортҳои шахсони бегона, ташкилотҳои кишварҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд.Намояндагӣ таъкид кардааст, ки барои ин амалиётҳо дар Русия ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.Қайд карда шудааст, ки бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ва Суди Олии Русия як қатор ташкилотҳо ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ ва агентҳои хориҷӣ дар Русия қабул карда шудаанд.“Барои интиқоли маблағ ва кӯмак намудан шаҳрванд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад”, - ҳушдор додааст Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар Русия.Аз муҳоҷирон хоҳиш карда шудааст, ки барои ҳифзи худ ва наздикон ба чунин амалиётҳои ғайриқонунӣ даст назананд.
https://sputnik.tj/20251126/siyosat-nav-muhojirat-rusiya-muhojiron-tojik-1073274821.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1a/1076336266_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_b2cf7113937b5387610f8f9c7acbd8aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, муҳоҷират, интиқоли пул, ғайриқонунӣ, русия, намояндагии вазорати меҳнат дар русия
дар тоҷикистон, муҳоҷират, интиқоли пул, ғайриқонунӣ, русия, намояндагии вазорати меҳнат дар русия
Мақомот аз муҳоҷирон хостааст, ки аз интиқоли маблағҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд
Мақомоти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки барои интиқоли маблағҳои ғайриқонунӣ дар Русия ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба муҳоҷирони меҳнатии кишвар, ки дар Русия қарор доранд, ҳушдор додааст, ки аз интиқоли маблағҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд.
Ин ниҳод ба муҳоҷирон огаҳӣ додааст, ки аз анҷом додани амалиётҳои бонкӣ, хизматрасониҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳо ба кортҳои шахсони бегона, ташкилотҳои кишварҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд.
Намояндагӣ таъкид кардааст, ки барои ин амалиётҳо дар Русия ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
“Хусусан аз интиқоли пулӣ, ба кортҳои бонкие, ки гуруҳҳои ношинос барои ҷамъоварии маблағи кумак ба зарардидагон ё дигар намудҳои кумак пешниҳод менамоянд, худдорӣ намоед”, - таъкид кардааст ин ниҳод.
Қайд карда шудааст, ки бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ва Суди Олии Русия як қатор ташкилотҳо ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ ва агентҳои хориҷӣ дар Русия қабул карда шудаанд.
“Барои интиқоли маблағ ва кӯмак намудан шаҳрванд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад”, - ҳушдор додааст Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар Русия.
Аз муҳоҷирон хоҳиш карда шудааст, ки барои ҳифзи худ ва наздикон ба чунин амалиётҳои ғайриқонунӣ даст назананд.