https://sputnik.tj/20260506/rusiya-patent-muhojiron-foida-girift-1077317926.html
Русия аз патент барои муҳоҷирон 35 млрд рубл фоида гирифт
Русия аз патент барои муҳоҷирон 35 млрд рубл фоида гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Дар баробари ин, дар се моҳи соли 2026 муҳоҷирон дар Русия 1,7 млн патент дарёфт кардаанд
2026-05-06T09:36+0500
2026-05-06T09:36+0500
2026-05-06T09:36+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
русия
патент
буҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1b/1062996033_0:14:3078:1745_1920x0_80_0_0_e5510091ad0a08db8759ab2d92ebb593.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мая - Sputnik. Пешпардохтҳои андози даромади шахсони хориҷӣ дар се моҳи соли 2026 дар Русия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 13% афзоиш ёфтаанд.Дар ин бора, дафтари Шӯрои амнияти Русия хабар додааст.Ба гуфтаи ин манбаъ, дар соли 2025 муҳоҷирон ба буҷаи кишвар 35 млрд рубл андоз ворид карданд. Дар баробари ин, шаҳрвандони хориҷӣ давоми соли гузашта дар Русия 1,7 млн иҷозатномаи корӣ гирифтаанд.Ёдовар мешавем, ки арзиши иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2026 тағйир ёфт.Нарх вобаста ба коэффитсиенти муқаррарнамудаи минтақаи Русия вобаста ба вилояту ноҳия фарқ хоҳад кард.Меъёр бо истифода аз меъёри асосии ки сол аз сол тағйир намеёбад - 1200 ҳисоб карда мешавад. Сипас, дефлятори андози даромади шахсӣ ва коэффитсиенти минтақавӣ истифода мешаванд, ки метавонад ҳамасола тағйир ёбад.Ҳамин тариқ, байни шаҳрҳои калони Русия, патент дар шаҳри Севастопол гаронтарин аст - 12,300 рубл.Дар ҳамин ҳол, дар ин категорияи шаҳрҳо Қазон пасттарин нархро пешниҳод мекунад - 7,900 рубл.Русия соли 2025 қариби 2,3 млн муҳоҷири меҳнатиро ҷалб кардааст.Тибқи омори расмӣ теъдоди хориҷиҳое, ки бо патент фаъолият доштаанд, 185 ҳазор нафар дар қиёс бо соли 2024 афзоиш ёфт.
https://sputnik.tj/20251126/siyosat-nav-muhojirat-rusiya-muhojiron-tojik-1073274821.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1b/1062996033_31:0:2762:2048_1920x0_80_0_0_a83199a636f8c7662d1483132708e041.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, муҳоҷират, русия, патент, буҷа
дар тоҷикистон, муҳоҷират, русия, патент, буҷа
Русия аз патент барои муҳоҷирон 35 млрд рубл фоида гирифт
Дар баробари ин, дар се моҳи соли 2026 муҳоҷирон дар Русия 1,7 млн патент дарёфт кардаанд
ДУШАНБЕ, 6 мая - Sputnik. Пешпардохтҳои андози даромади шахсони хориҷӣ дар се моҳи соли 2026 дар Русия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 13% афзоиш ёфтаанд.
Дар ин бора, дафтари Шӯрои амнияти Русия хабар додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар соли 2025 муҳоҷирон ба буҷаи кишвар 35 млрд рубл андоз ворид карданд. Дар баробари ин, шаҳрвандони хориҷӣ давоми соли гузашта дар Русия 1,7 млн иҷозатномаи корӣ гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, ки арзиши иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2026 тағйир ёфт.
Нарх вобаста ба коэффитсиенти муқаррарнамудаи минтақаи Русия вобаста ба вилояту ноҳия фарқ хоҳад кард.
Меъёр бо истифода аз меъёри асосии ки сол аз сол тағйир намеёбад - 1200 ҳисоб карда мешавад. Сипас, дефлятори андози даромади шахсӣ ва коэффитсиенти минтақавӣ истифода мешаванд, ки метавонад ҳамасола тағйир ёбад.
Ҳамин тариқ, байни шаҳрҳои калони Русия, патент дар шаҳри Севастопол гаронтарин аст - 12,300 рубл.
Дар ҳамин ҳол, дар ин категорияи шаҳрҳо Қазон пасттарин нархро пешниҳод мекунад - 7,900 рубл.
Русия соли 2025 қариби 2,3 млн муҳоҷири меҳнатиро ҷалб кардааст.
Тибқи омори расмӣ теъдоди хориҷиҳое, ки бо патент фаъолият доштаанд, 185 ҳазор нафар дар қиёс бо соли 2024 афзоиш ёфт.