https://sputnik.tj/20260505/judokoroni-tojik-reytingi-jahoni-1077314218.html
Ҷудокорони тоҷик дар рейтинги ҷаҳонӣ рақами як шуданд
Ҷудокорони тоҷик дар рейтинги ҷаҳонӣ рақами як шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Паҳлавонони тоҷик пас аз қаҳрамонӣ дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026 дар радабандии ҷаҳонӣ ба қуллаҳои нав расиданд
2026-05-05T19:44+0500
2026-05-05T19:44+0500
2026-05-05T19:44+0500
дар тоҷикистон
дзюдо
навигариҳои варзиши тоҷикистон
раддабандӣ
паҳлавонон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0c/1054860116_0:106:1080:714_1920x0_80_0_0_3174da9b17a4ca8801f5ccef5bea4137.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мая - Sputnik. Ҷудокорони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) ва Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) пас аз қаҳрамонӣ дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026 дар вазнҳои худ дар рейтинги ҷаҳонӣ рақами як шуданд.Эмомалӣ дар ҳисоб 5226 имтиёз дорад ва дар рейтинг Такеши Такеокаи ҷопониро паси сар гузошт.Муҳиддин дар ҳисоб 4570 имтиёз дошта, се зина боло рафт ва Маҳмадбек Маҳмадбеков аз АМА, Даниел Гаргнин аз Бразилия ва Габа Ҷоан-Бенҷамини фаронсавиро пеш гузашт.Ҳамчунин, Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) дар вазни худ 4 зина боло шуда, ҳоло дар мақоми сеюм қарор дорад. Сомон дар ҳисоб 3942 имтиёз дорад.Пас аз баргузории мусобиқаи бонуфузи Dushanbe Grand Slam, варзишгарони тоҷик натиҷаҳои назаррас нишон дода, мавқеи худро дар ҷаҳон боз ҳам мустаҳкам карданд.Ба гуфтаи Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон ин дастовардҳо бори дигар собит месозанд, ки ҷудои тоҷик имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи устувор дорад.Ин ниҳод таъкид кардааст, ки паҳлавонони тоҷик имрӯзҳо ба сӯи қуллаҳои баланд қадамҳои ҷиддӣ мегузорад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мусобиқаи "Гранд Слами Душанбе-2026" дар Тоҷикистон ба анҷом расид.Дар ин мусобиқа, ки аз 1 то 3 май дар пойтахт баргузор шуд, 240 варзишгар аз 34 кишвар ширкат варзиданд. Тоҷикистонро 40 варзишгар намояндагӣ карданд, ки дар маҷмӯъ чор медал, аз ҷумла се тило ва як биринҷӣ ба даст оварданд.Дар рӯзи аввали мусобиқа Эмомалӣ Нуралӣ бо пирӯзӣ аз рақибонаш аз якчанд кишвар медали тилло ба даст овард ва дар финал Азизбек Ортиқов аз Узбакистонро мағлуб кард.Илова бар ин, 1 май ҷудочии тоҷик Лоиқ Қутбуддинов дар мубориза барои ҷои сеюм бар Максим Мерлин аз Фаронса пирӯз ва медали биринҷӣ ба даст овард.Дар рӯзи дуюми мусобиқа Муҳиддин Асадуллоев дар финал Карен Галстяни русро мағлуб карда, медали тилло ба даст овард. Дар роҳи пирӯзӣ, Асадуллоев бо ҷудочиёни Имороти Муттаҳидаи Араб, Озарбойҷон ва Узбекистон рақобат кард.Ғайр аз ин, 2 май Сомон Маҳмадбеков низ бо пирӯзӣ бар Бернд Фашинги австриягӣ мақоми аввалро ишғол кард.То охири рӯзи сеюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон натавонистанд ягон ҷоиза ё мукофот ба даст оранд.Пас аз мусобиқа, варзишгарони ҷумҳурӣ дар ҷадвали умумии медалҳо ҷои дуюмро ишғол карданд.Русия бо ба даст овардани 12 медал, аз ҷумла се тило, се нуқра ва шаш биринҷӣ, ҷои аввалро ишғол кард.
https://sputnik.tj/20260504/natija-tojikiston-dushanbe-grand-slam-burd-bokht-1077278194.html
https://sputnik.tj/20260418/hambastagii-millathoi-rusiya-musobiqai-judo-muhojiron-maskav-1076926481.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0c/1054860116_0:91:1080:901_1920x0_80_0_0_afedeb86141daf850e59f58d831b30dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дзюдо, навигариҳои варзиши тоҷикистон, раддабандӣ, паҳлавонон
дар тоҷикистон, дзюдо, навигариҳои варзиши тоҷикистон, раддабандӣ, паҳлавонон
Ҷудокорони тоҷик дар рейтинги ҷаҳонӣ рақами як шуданд
Паҳлавонони тоҷик пас аз қаҳрамонӣ дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026 дар радабандии ҷаҳонӣ ба қуллаҳои нав расиданд
ДУШАНБЕ, 5 мая - Sputnik. Ҷудокорони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) ва Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) пас аз қаҳрамонӣ дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026 дар вазнҳои худ дар рейтинги ҷаҳонӣ рақами як шуданд.
Эмомалӣ дар ҳисоб 5226 имтиёз дорад ва дар рейтинг Такеши Такеокаи ҷопониро паси сар гузошт.
Муҳиддин дар ҳисоб 4570 имтиёз дошта, се зина боло рафт ва Маҳмадбек Маҳмадбеков аз АМА, Даниел Гаргнин аз Бразилия ва Габа Ҷоан-Бенҷамини фаронсавиро пеш гузашт.
Ҳамчунин, Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) дар вазни худ 4 зина боло шуда, ҳоло дар мақоми сеюм қарор дорад. Сомон дар ҳисоб 3942 имтиёз дорад.
Пас аз баргузории мусобиқаи бонуфузи Dushanbe Grand Slam, варзишгарони тоҷик натиҷаҳои назаррас нишон дода, мавқеи худро дар ҷаҳон боз ҳам мустаҳкам карданд.
Ба гуфтаи Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон ин дастовардҳо бори дигар собит месозанд, ки ҷудои тоҷик имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи устувор дорад.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки паҳлавонони тоҷик имрӯзҳо ба сӯи қуллаҳои баланд қадамҳои ҷиддӣ мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мусобиқаи "Гранд Слами Душанбе-2026" дар Тоҷикистон ба анҷом расид.
Дар ин мусобиқа, ки аз 1 то 3 май дар пойтахт баргузор шуд, 240 варзишгар аз 34 кишвар ширкат варзиданд.
Тоҷикистонро 40 варзишгар намояндагӣ карданд, ки дар маҷмӯъ чор медал, аз ҷумла се тило ва як биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа Эмомалӣ Нуралӣ бо пирӯзӣ аз рақибонаш аз якчанд кишвар медали тилло ба даст овард ва дар финал Азизбек Ортиқов аз Узбакистонро мағлуб кард.
Илова бар ин, 1 май ҷудочии тоҷик Лоиқ Қутбуддинов дар мубориза барои ҷои сеюм бар Максим Мерлин аз Фаронса пирӯз ва медали биринҷӣ ба даст овард.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа Муҳиддин Асадуллоев дар финал Карен Галстяни русро мағлуб карда, медали тилло ба даст овард. Дар роҳи пирӯзӣ, Асадуллоев бо ҷудочиёни Имороти Муттаҳидаи Араб, Озарбойҷон ва Узбекистон рақобат кард.
Ғайр аз ин, 2 май Сомон Маҳмадбеков низ бо пирӯзӣ бар Бернд Фашинги австриягӣ мақоми аввалро ишғол кард.
То охири рӯзи сеюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон натавонистанд ягон ҷоиза ё мукофот ба даст оранд.
Пас аз мусобиқа, варзишгарони ҷумҳурӣ дар ҷадвали умумии медалҳо ҷои дуюмро ишғол карданд.
Русия бо ба даст овардани 12 медал, аз ҷумла се тило, се нуқра ва шаш биринҷӣ, ҷои аввалро ишғол кард.