Дар Тоҷикистон чанд куҳансарбоз Рӯзи Ғалабаро таҷлил мекунанд

Обуна шудан
Рӯзи 9 май аз Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватан 81 сол сипарӣ мешавад. Дар Тоҷикистон дар ин рӯзҳо чанд куҳансарбоз Рӯзи Ғалабаро таҷлил мекунанд дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон инъикос ёфтааст
Тоҷикистон барои таҷлили солгарди пирӯзии мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ омодагӣ мебинад.
Дар Тоҷикистон чанд нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?
Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон Шаҳригул Қодирова, нозири Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ, хабар дод.
Ба гуфтаи вай, айни замон 9 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷумҳурӣ дар қайди ҳаётанд.
Шаш собиқадор дар вилояти Хатлон, ду нафар дар вилояти Суғд ва як нафар дар Душанбе зиндагӣ мекунанд.
Субҳи 22 июни соли 1941 Ҷанги Бузурги ватанӣ, ки 1418 рӯзу шаб идома дошт, оғоз шуд.
Дар оғози солҳои чилуми асри гузашта аҳолии Тоҷикистон 1 миллион нафар буд. Солҳои ҷанг ба ҷабҳа беш аз 300 ҳазор нафар намояндаҳои Тоҷикистон эъзом шуданд. Аз набардҳо 92 ҳазор нафар барнагаштанд.
Барои шуҷоъат ва қаҳрамонӣ дар набардҳо ва муҳорибаҳо бо фашистон 56 ҳазор намояндагони Тоҷикистон бо ордену нишонҳои ҷангӣ сарфароз шуда 54 нафар бо унвони баландтарин — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шуда ва 15 нафар соҳиби се ордени Шуҷоъат шуданд.
ҶШС Тоҷикистон яке аз марказҳои эвакуатсия гардид, ки дар он ҷо 29 беморхонаи тахлия ҷойгир шуд, ки дар онҳо сарбозони ярадори Артиши Сурх табобат меёфтанд.
Ҷумҳурӣ ба ҷабҳа 650 000 тонна ғалла, 178 000 тонна нахи пахта ва 103 000 мошин фиристод ва беш аз як миллиард рубли шӯравиро ба Фонди мудофиа ва силоҳ хайрия кард.
Лентаи хабарҳо
0