Русия пешниҳод кард, ки парвозҳои мустақим ба кишварҳои узви ИИАО зиёд карда шавад

© Sputnik / Пресс-служба Минтранса России / Гузариш ба медиабонкВылет первого прямого авиарейса из Москвы в Пхеньян
Вылет первого прямого авиарейса из Москвы в Пхеньян  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2026
Обуна шудан
Узви Шӯрои бозорҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ ва мушовири президенти Палатаи савдо ва саноатӣ Русия, қайд кард, ки ҳоло афзоиши парвозҳо миёни кишварҳои ИИАО баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дмитрий Курочкин қайд кард, ки дар баробари ҳадафҳои афзоиши ҷараёни боркашонӣ дар роҳи байналмилалии нақлиёти Шимол-Ҷануб ва баланд бардоштани самаранокии умумии логистика дар минтақаи АвруОсиё афзоиши парвозҳо низ баррасӣ мешавад.
Густариши парвозҳо бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) бояд ба самти калидии рушди долони нақлиётии байналмилалии Шимол-Ҷануб табдил ёбад.
"Дар робита ба рушди инфрасохтори авиатсияи гражданӣ, пешниҳод карда мешавад, ки марказҳои нави транзитӣ ва пайвасткунанда таъсис дода шаванд, иқтидори фурудгоҳҳо барои ҳамгироӣ ба долонҳои ҳавоии трансосиёӣ ва авруосиёӣ васеъ карда шавад, то нақши фурудгоҳҳои Русия ҳамчун марказҳои алтернативӣ дар минтақа тақвият дода шавад ва ба рушди масирҳои байналмилалӣ бо назардошти шароити нави муносибатҳои беруна, аз ҷумла густариши робитаҳои ҳавоӣ бо кишварҳои ИИАО, Чин, Ҳиндустон, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Ховари Миёна афзалият дода шавад", - гуфт Дмитрий Курочкин.
Ба гуфтаи Курочкин, рушди масири ҳавоӣ дар якҷоягӣ бо ҳадафҳои афзоиши ҷараёни боркашонӣ дар тӯли долони Шимол-Ҷануб ва баланд бардоштани самаранокии умумии логистика дар минтақаи Авруосиё баррасӣ мешавад.
Продажа продуктов питания в Новосибирске.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2026
Миёни кишварҳои ИИАО камтарин болоравии нарх дар Русия ба қайд гирифта шуд
Вай қайд кард, ки пешниҳодҳо барои рушди ин долон аз ҷониби коршиносони кумитаҳо ва шӯроҳои дахлдори Палатаи савдо ва саноати Русия дар асоси таҳлили мушкилоти мавҷуда дар ҳамлу нақли байналмилалии боркашонӣ дар Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон ва Ҳиндустон омода карда шудаанд.
"Аз ҷумла, пешниҳод карда мешавад, ки низоми ҳамлу нақли байналмилалии TIR) ​​такмил дода шавад: бандарҳои Туапсе, Владивосток ва Усть-Луга ба рӯйхати нуқтаҳои гузаргоҳи марзӣ дохил карда шаванд”, - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0