https://sputnik.tj/20260426/tijorat-khoriji-tojikiston-afzudaast-1077100905.html
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 13% афзудааст
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 13% афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Тиҷорати Тоҷикистон дар семоҳаи гузашта бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил қариб ба 50%-и додугирифти берунияш наздик шудааст
2026-04-26T16:06+0500
2026-04-26T16:06+0500
2026-04-26T16:06+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
тиҷорат
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/02/1067805339_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_5d9c410a469318e9ecc5a80e9c64830e.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Савдои хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ қариб 2,7 млрд долларо ташкил додааст.Ин дар муқоиса бо январ-марти соли гузашта қариб 13% зиёд мебошад, бармеояд аз додаҳои Хадамоти гумруки Тоҷикистон.Ба гузориши Оҷонси омори кишвар миқдори афзоиши тиҷорат 303,3 млн доллар мебошад.Ба иттилои манбаъ, дар ин давра содирот 513,7 млн долларро ташкил додааст, ки 0,7% ва ё 3,7 млн доллар коҳиш ёфтааст.Воридот бошад, баръакс 16,6% ва ё 307 млн доллар афзуда ба 2 млрду 162 млн доллар расидааст.Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 47% фоиз ё 1258,1 млн доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 53% ё 1417,6 млн доллар рост меояд. Касри тарози савдо манфӣ буда бо мамлакатҳои ИДМ –1021,1 млн. доллар ва мамлакатҳои хориҷи дур – 627,2 млн. долларро ташкил додааст.Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2026 нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2025 бо мамлакатҳои ИДМ 11,0 фоиз ё 124,9 млн. доллар, ва бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад, 14,4% ё 178,4 млн. доллар зиёд мебошад. Дар моҳҳои январ-марти соли 2026 Тоҷикистон бо 112 мамлакат, аз он ҷумла бо 10 мамлакати ИДМ ва бо 102 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷиро анҷом додааст.
https://sputnik.tj/20260425/tijorati-viloyat-minsk-tojikiston-afzoish-1077070915.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/02/1067805339_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_9e734122d2982360686d3d7f47ae6087.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, тиҷорат, омор
дар тоҷикистон, иқтисод, тиҷорат, омор
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 13% афзудааст
Тиҷорати Тоҷикистон дар семоҳаи гузашта бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил қариб ба 50%-и додугирифти берунияш наздик шудааст
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Савдои хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ қариб 2,7 млрд долларо ташкил додааст.
Ин дар муқоиса бо январ-марти соли гузашта қариб 13% зиёд мебошад, бармеояд аз додаҳои Хадамоти гумруки Тоҷикистон.
Ба гузориши Оҷонси омори кишвар миқдори афзоиши тиҷорат 303,3 млн доллар мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра содирот 513,7 млн долларро ташкил додааст, ки 0,7% ва ё 3,7 млн доллар коҳиш ёфтааст.
Воридот бошад, баръакс 16,6% ва ё 307 млн доллар афзуда ба 2 млрду 162 млн доллар расидааст.
Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 47% фоиз ё 1258,1 млн доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 53% ё 1417,6 млн доллар рост меояд.
Касри тарози савдо манфӣ буда бо мамлакатҳои ИДМ –1021,1 млн. доллар ва мамлакатҳои хориҷи дур – 627,2 млн. долларро ташкил додааст.
Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2026 нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2025 бо мамлакатҳои ИДМ 11,0 фоиз ё 124,9 млн. доллар, ва бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад, 14,4% ё 178,4 млн. доллар зиёд мебошад.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2026 Тоҷикистон бо 112 мамлакат, аз он ҷумла бо 10 мамлакати ИДМ ва бо 102 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷиро анҷом додааст.