Сафарҳои хизматии шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон бештар шудааст

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЭлектронное табло вылета
Электронное табло вылета  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2026
Обуна шудан
Ширкати OneTwoTrip, ки ба сафарҳои хизматӣ машғул аст аз 1 январ то 30 апрел фармоишҳои сафарҳои ширкатҳои ҳавопаймоиро таҳлил кард
ДУШАНБЕ, 25 апр- Sputnik. Талабот ба сафарҳои хизматӣ ба Тоҷикистон аз аввали соли 2026 1,7 маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора ширкати OneTwoTrip пас аз таҳлили фармоишҳои сафарҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз 1 январ то 30 апрел ба РИА Новости хабар дод.
Ин ширкат қайд кардааст, ки тамаркузи ҷуғрофӣ пайваста ба самти Осиё ва кишварҳои ИДМ ҳаракат мекунад.
Хусусан, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, русҳо бештар барои сафари корӣ ба Тоҷикистон 71% ва ба Қирғизистон 30% сафар кардаанд.
Ин ширкат муайян кард, ки сафари русҳо ба "Кореяи Ҷанубӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст. Парвозҳо ба ин давлат қариб се маротиба бештар шудааст - талабот 181% афзоиш ёфтааст."
Комплекс Шахи-Зинда в Самарканде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2025
Тоҷикистон дар сегона: Маълум шуд, ба Узбекистон бештар аз кадом кишварҳо сайёҳат мекунанд
Ба Миср низ сафарҳо бештар шудааст. Сафарҳои корӣ ба ин давлатқариб 2,4 маротиба афзоиш ёфтааст.
"Ширкатҳои Русия бозорҳои Ветнам (+61%), Таиланд (+38%) ва Чин (+30%)-ро фаъолна меомӯзанд", - илова карданд таҳлилгарон.
Тибқи иттилои ширкати OneTwoTrip, симои сайёҳони тиҷоратӣ низ тағйир ёфтааст. Занон бештар ба хориҷа сафар мекунанд - имсол 29%, дар муқобили бо 24%-и соли 2025.
Лентаи хабарҳо
0