Тоҷикистон эъломияи "Ояндаи солим барои баҳри Арал"-ро имзо кард

© Foto / Радио ТаджикистанПодписание декларации "Здоровое будущее Аральского региона".
Подписание декларации Здоровое будущее Аральского региона. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2026
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон эъломияи "Ояндаи солим барои баҳри Арал" дар Остона имзо кард
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, вазирони тандурустии кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Озарбойҷон эъломияи муштарак бо номи "Ояндаи солим барои минтақаи баҳри Арал"-ро ба имзо расониданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ,сандаи мазкурро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода имзо кардааст.
Дар маросими имзои санади мазкур, ки директори минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге иштирок дошт, перомуни аҳамияти ҳуҷҷати қабулшуда изҳори назар кард.
Тавре манбаъ хабар додааст, имзои ин эъломия қадами муҳим дар самти муайян намудани тадбирҳои афзалиятнок барои коҳиш додани таъсири хатарҳои экологӣ ба саломатии аҳолӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ба манфиати наслҳои оянда арзёбӣ мешавад.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳоро дар бахши тандурустӣ густариш медиҳанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2026
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳоро дар бахши тандурустӣ густариш медиҳанд.
Ба гуфтаи Ҳанс Ҳенрӣ Клюге, баҳри Арал беш аз 90 дарсади захираи оби худро аз даст дода, аҳолии минтақа солҳои зиёд бо паёмадҳои манфии экологӣ ва мушкилоти саломатӣ рӯбарӯ мебошанд.
Вай таъкид кард, ки ин эъломия на танҳо изҳори нигаронӣ, балки санади амал буда, азми муштараки кишварҳо ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро барои беҳтар намудани вазъи саломатии наслҳои оянда нишон медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0