https://sputnik.tj/20260424/harakati-molu-mahsulot-tojikistonu-uzbekiston-osontar-1077043438.html
Ҳаракати молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон осонтар мешавад?
Ҳаракати молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон осонтар мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Узбекистон масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи гумрукро баррасӣ намуданд
2026-04-24T09:36+0500
2026-04-24T09:36+0500
2026-04-24T09:36+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
гумрук
ҳамкорӣ
ҳамлу нақли бор
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/01/1076525479_0:30:3103:1775_1920x0_80_0_0_02e4a4548c7fa5fe98768dc2dab20871.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Мақомоти гумруки Тоҷикистону Узбекистон масъалаҳои боз ҳам осон намудани ҳаракати молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ баррасӣ намуданд.Ба иттилои Хадаомоти гумруки Тоҷикистон, ин масъалаҳо дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппаи Узбекистон, ки дар рӯбарӯи гузаргоҳи Саразми Тоҷикистон, дар марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд бо ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент ҷойгир шудааст, бо иштироки ҳайатҳои гумрукии ду кишвар баррасӣ гардиданд.Ба иттилои манбаъ Тоҷикистонро дар ин мулоқот муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ва вониби Узбекистонро муовини раиси Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молия Мусомуҳаммадов Нодир муаррифӣ карданд.Дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи гумрукиро баррасӣ намуданд.Ҳамчунин, дар вохӯрӣ ҷонибҳо таҷрибаи худро дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ мубодила намуданд.Ҳайати Тоҷикистон низоми шиносоӣ ва барасмиятдарории воситаҳои нақлиёт — VIN.TJ-ро, ки аз 16 марти соли 2026 мавриди истифода қарор гирифтааст, муаррифӣ намуд.Зикр карда шудааст, ки ҷониби Узбекистон таҷрибаи пешқадами Тоҷикистонро дар ин самт баланд арзёбӣ намуда, барои густариши ҳамкорӣ дар ин самт изҳори омодагӣ карданд.Дар ин дидор ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳои мутақобиларо дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ боз ҳам тақвият бахшанд.
https://sputnik.tj/20260421/tojikiston-uzbekiston-gazi-tabii-1076991684.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/01/1076525479_372:0:3103:2048_1920x0_80_0_0_6e0f8c4ba2516f19d8ec9443d59bfb91.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, узбекистон, гумрук, ҳамкорӣ, ҳамлу нақли бор, равобит
дар тоҷикистон, узбекистон, гумрук, ҳамкорӣ, ҳамлу нақли бор, равобит
Ҳаракати молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон осонтар мешавад?
Тоҷикистону Узбекистон масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи гумрукро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Мақомоти гумруки Тоҷикистону Узбекистон масъалаҳои боз ҳам осон намудани ҳаракати молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ баррасӣ намуданд.
Ба иттилои Хадаомоти гумруки Тоҷикистон, ин масъалаҳо дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппаи Узбекистон, ки дар рӯбарӯи гузаргоҳи Саразми Тоҷикистон, дар марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд бо ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент ҷойгир шудааст, бо иштироки ҳайатҳои гумрукии ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Ба иттилои манбаъ Тоҷикистонро дар ин мулоқот муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ва вониби Узбекистонро муовини раиси Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молия Мусомуҳаммадов Нодир муаррифӣ карданд.
Дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи гумрукиро баррасӣ намуданд.
“Аз ҷумла, ҷонибҳо ба масоили боз ҳам осон намудани ҳаракати молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ, такмили фаъолияти нуқтаҳои гузаргоҳ ва таҳкими ҳамкории байниидоравиро муҳокима карданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ ҷонибҳо таҷрибаи худро дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ мубодила намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон низоми шиносоӣ ва барасмиятдарории воситаҳои нақлиёт — VIN.TJ-ро, ки аз 16 марти соли 2026 мавриди истифода қарор гирифтааст, муаррифӣ намуд.
Зикр карда шудааст, ки ҷониби Узбекистон таҷрибаи пешқадами Тоҷикистонро дар ин самт баланд арзёбӣ намуда, барои густариши ҳамкорӣ дар ин самт изҳори омодагӣ карданд.
Дар ин дидор ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳои мутақобиларо дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ боз ҳам тақвият бахшанд.