https://sputnik.tj/20260423/sugd-tajribai-belorus-rushdi-chorvodori-istifoda-1077033352.html
Суғд мехоҳад таҷрибаи Белорусро барои рушди чорводориаш истифода кунад
Суғд мехоҳад таҷрибаи Белорусро барои рушди чорводориаш истифода кунад
Sputnik Тоҷикистон
Миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Могилёви Белорус Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкориҳо ба имзо расонида шуд
2026-04-23T15:41+0500
2026-04-23T15:41+0500
2026-04-23T15:41+0500
дар тоҷикистон
белорус
ҳамкорӣ
суғд
кишоварзӣ
чорво
иқтисод
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/17/1077032769_0:306:788:749_1920x0_80_0_0_39258da55fb51dbdf0e805522c6e4e0a.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода дар мулоқот бо роҳбарияти вилояти Могилёви Белорус масъалаи хариди тухмиҳои хушсифати кишоварзӣ ва рушди ҳамкориҳо дар бахши чорводориро баррасӣ кард.Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд мулоқоти мазкур дар толори ҳукумати вилояти Могилёв баргузор гардид.Қайд карда шудааст, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин доираи соҳибкорон, роҳбарони сохторҳои масъули истеҳсолу савдо ва Сафири Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода иштирок доштанд.Зимни мулоқот раиси вилояти Суғд таъкид кардааст, ки гардиши мол миёни вилояти Суғд ва вилояти Могилёв дар ҳоли афзоиш аст.Ҷонибҳо дар ин мулоқот зикр карданд, ки имкониятҳои ҳамкорӣ зиёд аст, аз ин рӯ зарурати густариши ҳамкориҳо дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, коркарди ашёи хом ва таъсиси корхонаҳои муштарак таъкид шуд.Аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ дар самти коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, чарм ва маҳсулоти чармӣ, коркарди меваю сабзавот, бунёди корхонаҳои қаннодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои сохтмон, сайёҳӣ ва дорусозӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеъ дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мебошад ва омода аст ҳамкориҳоро бо шарикони беларусӣ ба сатҳи нав барорад.Ҳамчунин Раиси вилояти Суғд ҳайати вилояти Могилёвро барои иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд- 2026", ки моҳи июн баргузор мегардад, даъват намуд.Дар фарҷоми мулоқот миёни вилояти Суғд ва вилояти Могилёв Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкориҳо ба имзо расонида шуд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/52465
белорус
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/17/1077032769_0:294:828:915_1920x0_80_0_0_40d7889e9729702abd098a59ae7102e0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, суғд, кишоварзӣ, чорво, иқтисод, тиҷорат
дар тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, суғд, кишоварзӣ, чорво, иқтисод, тиҷорат
Суғд мехоҳад таҷрибаи Белорусро барои рушди чорводориаш истифода кунад
Миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Могилёви Белорус Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкориҳо ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода дар мулоқот бо роҳбарияти вилояти Могилёви Белорус масъалаи хариди тухмиҳои хушсифати кишоварзӣ ва рушди ҳамкориҳо дар бахши чорводориро баррасӣ кард.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд мулоқоти мазкур дар толори ҳукумати вилояти Могилёв баргузор гардид.
Қайд карда шудааст, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин доираи соҳибкорон, роҳбарони сохторҳои масъули истеҳсолу савдо ва Сафири Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода иштирок доштанд.
Зимни мулоқот раиси вилояти Суғд таъкид кардааст, ки гардиши мол миёни вилояти Суғд ва вилояти Могилёв дар ҳоли афзоиш аст.
“Аз вилояти Суғд бештар маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, хушкмева, инчунин пахта содирот мегардад. Дар навбати худ аз вилояти Могилёв ба Тоҷикистон чорво, маҳсулоти саноатӣ ва озуқаворӣ ворид мешавад”, - қайд кард Аҳмадзода.
Ҷонибҳо дар ин мулоқот зикр карданд, ки имкониятҳои ҳамкорӣ зиёд аст, аз ин рӯ зарурати густариши ҳамкориҳо дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, коркарди ашёи хом ва таъсиси корхонаҳои муштарак таъкид шуд.
Аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ дар самти коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, чарм ва маҳсулоти чармӣ, коркарди меваю сабзавот, бунёди корхонаҳои қаннодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои сохтмон, сайёҳӣ ва дорусозӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.
Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеъ дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мебошад ва омода аст ҳамкориҳоро бо шарикони беларусӣ ба сатҳи нав барорад.
Ҳамчунин Раиси вилояти Суғд ҳайати вилояти Могилёвро барои иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд- 2026", ки моҳи июн баргузор мегардад, даъват намуд.
Дар фарҷоми мулоқот миёни вилояти Суғд ва вилояти Могилёв Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкориҳо ба имзо расонида шуд.