https://sputnik.tj/20260423/afzoishi-istehsoli-mahsuloti-korkhona-sanoati-tojikiston-1077040908.html
Афзоиши 14 дарсадии истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар се моҳ
Афзоиши 14 дарсадии истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар се моҳ
Sputnik Тоҷикистон
Амалишавии пай дар пайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат дар Тоҷикистон ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд
2026-04-23T18:41+0500
2026-04-23T18:41+0500
2026-04-23T18:41+0500
дар тоҷикистон
маҳсулот
истеҳсол
саноат
коргоҳ
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516063_0:90:3072:1818_1920x0_80_0_0_646af3b8a9d46c4030970601065340d8.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли 2026 корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 16122,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон ин нишондиҳанда нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2025-ум (бо нархҳои муқоисавӣ) 14,1% афзудааст.Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати коркард – 29,6%, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 7,5%, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 17% ба амал омадааст.Қайд карда шудааст, ки амалишавии пай дар пайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат дар кишвар ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд.Ба иттилои Агентии омор суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд (18,8% нисбат ба январ – марти соли 2025), вилояти Хатлон (10%), шаҳри Душанбе (19,1%) баланд гардида, дар НТҶ ба 81,7% ва ВМКБ бошад, ба 6,3% баробар гардид.Дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоятҳои Суғд (64,2%) ва Хатлон (18,4%) афзалият доранд.Ҳамчунин Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст, ки дар се моҳи соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3972 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 365 адад, коркард 3433 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 102 адад фаъолият намудаанд.Аз ин шумора 1321 адад (33,3% аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 924 адад (23,3%) – ба вилояти Хатлон, 837 адад (21,1%) – ба шаҳри Душанбе, 693 адад (17,4%) – ба НТҶ ва 197 адад (4,9%) – ба ВМКБ рост меоянд.
https://sputnik.tj/20260412/kadom-mintaqa-tojikiston-sanoat-1076769262.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516063_67:0:2788:2041_1920x0_80_0_0_7928ab542ecad4dd24c3e8162dd0cca8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маҳсулот, истеҳсол, саноат, коргоҳ, омор
дар тоҷикистон, маҳсулот, истеҳсол, саноат, коргоҳ, омор
Афзоиши 14 дарсадии истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар се моҳ
Амалишавии пай дар пайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат дар Тоҷикистон ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли 2026 корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 16122,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон ин нишондиҳанда нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2025-ум (бо нархҳои муқоисавӣ) 14,1% афзудааст.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати коркард – 29,6%, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 7,5%, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 17% ба амал омадааст.
Қайд карда шудааст, ки амалишавии пай дар пайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат дар кишвар ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Ба иттилои Агентии омор суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд (18,8% нисбат ба январ – марти соли 2025), вилояти Хатлон (10%), шаҳри Душанбе (19,1%) баланд гардида, дар НТҶ ба 81,7% ва ВМКБ бошад, ба 6,3% баробар гардид.
Дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоятҳои Суғд (64,2%) ва Хатлон (18,4%) афзалият доранд.
Ҳамчунин Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст, ки дар се моҳи соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3972 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 365 адад, коркард 3433 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 102 адад фаъолият намудаанд.
Аз ин шумора 1321 адад (33,3% аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 924 адад (23,3%) – ба вилояти Хатлон, 837 адад (21,1%) – ба шаҳри Душанбе, 693 адад (17,4%) – ба НТҶ ва 197 адад (4,9%) – ба ВМКБ рост меоянд.