Раиси парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи СПАД: Тоҷикистон мавқеи устувори сулҳҷӯёна дорад

© Foto / Пресс-служба ОДКБПредседатель нижней палаты парламента Таджикистана Файзали Идизода.
Председатель нижней палаты парламента Таджикистана Файзали Идизода.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2026
Обуна шудан
Раиси парлумони Тоҷикистон дар Шӯрои Маҷлиси Парлумонии СПАД аз вазъи кунунии байналмилалӣ изҳорӣ нигаронии ҷиддӣ кард
ДУШАНБЕ, 22 апр – Sputnik. Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси Намояндагон (парлумон)-и Тоҷикистон дар Ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси Парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) нигаронии ҷиддиро аз вазъи кунунии байналмилалӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, муқаррарот ва принсипҳои Оинномаи СММ, инчунин меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ имрӯз дар ҷаҳон комилан нодида гирифта мешаванд.
Раиси парлумони Тоҷикистон аз мавқеи устувори сулҳҷӯёнаи ҷумҳурӣ бори дигар таъкид кард.
"Тавре ки президенти мо, Эмомалӣ Раҳмон, изҳор дошт, Тоҷикистон пайваста ҷонибдори ҳалли осоишта бӯҳронҳо, танҳо тавассути музокирот ва талошҳои сиёсӣ ва дипломатӣ мебошад", - таъкид кард Файзалӣ Идизода.
Раиси парлумон қайд кард, ки СПАД як воситаи муассир ва санҷидашуда барои таъмини амният ва субот дар минтақаи масъулияти худ мебошад.
"Дар ин робита, татбиқи муассир ва ҳамаҷонибаи санадҳои ҳуқуқӣ ва қарорҳои қабулшуда дар доираи Созмон махсусан муҳим аст”, - гуфт ӯ.
Вид на Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2026
Собирзода бо дабири кулли СПАД масоили марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кард
Файзалӣ Идизода ба татбиқи бомуваффақияти чорабиниҳои соли ҷорӣ, пеш аз ҳама, машқҳои муштараки бузурги низомӣ, изҳори итминон кард.
Ҳамчунин оқои Файзалӣ Идизода ба пешбурди ташаббусҳои миллӣ дар дохили Созмон таваҷҷӯҳи хос зоҳир кард.
Вай ҳамчунин ба масъалаи таъсиси Маркази вокуниши башардӯстонаи минтақавӣ дар Тоҷикистон таъкид кард.
Идизода дар ин ҷаласа ҳамчунин афзуд, ки ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин санадҳои намунавӣ ва тавсияҳои қабулшудаи АП СПАД дар эҷоди заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ барои муқовимати фаъолона бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир нақши муҳим мебозанд.
Лентаи хабарҳо
0