https://sputnik.tj/20260421/rohandozii-wi-fi-i-roygon-boghhoi-bokhtar-kulob-khorugh-1076989841.html
Роҳандозии Wi-Fi-и ройгон дар боғҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ
Роҳандозии Wi-Fi-и ройгон дар боғҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки на танҳо дар боғҳои бузурги шаҳри Душанбе балки дигар манотиқи Тоҷикистон барои сокинон Wi-Fi-и ройгон дастрас хоҳад буд
2026-04-21T16:44+0500
2026-04-21T16:44+0500
2026-04-21T16:44+0500
дар тоҷикистон
интернет
алоқа
хадамоти алоқа
хатлон
хоруғ
бохтар
алоқаи мобилӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/15/1076990612_0:0:2831:1592_1920x0_80_0_0_32d30f834c9c8248d769ef074b92bfe4.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълон кардааст, ки Дар як қатор боғҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ шабакаи Green Wi-Fi, фаъолият мекунад.Ба иттилои ин ниҳод Wi-Fi-и ройгон дар боғҳои шаҳрҳо бештар мешавад.“Сокинон ва меҳмонони шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон акнун метавонанд ҳангоми сайру гашт бе истифодаи трафики мобилӣ паём ирсол намоянд, аксҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой диҳанд ё видео тамошо кунанд”, - қайд кардааст Хадамоти алоқа.Зикр карда шудааст, ки дар Wi-Fi-и ройгон дар шаҳри Душанбе дар боғҳои ба номи С. Айнӣ, А. Дониш, Куруши Кабир, А. Фирдавсӣ, Рӯдакӣ ва Ҷавонон, инчунин дар толори вуруди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва қисмате аз хиёбони Рӯдакӣ (дар самти боғи Истиқлол) фаъол мебошанд.Ҳамчунин Wi-Fi-и ройгон дар боғҳои марказии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ ва дигар ҷойҳои маъмули истироҳатӣ дастрас хоҳад буд.Хадамоти алоқа таъкид кардааст, ки истифодабарандагон метавонанд аз интернети ройгон барои муддати муайян — то 30 дақиқа — истифода баранд.“Барои истифодаи бештар имкони пайваст кардани бастаҳои пулакӣ бо ҳаҷми зарурии трафик пешбинӣ шудааст”, - қайд кардааст Хадамоти алоқа.
https://sputnik.tj/20250825/tojikiston-istifodabarandagon-internet-afzoish-1070387713.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/15/1076990612_100:0:2831:2048_1920x0_80_0_0_1a4d2816ca2e3fb6564c487eeb7de643.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, интернет, алоқа, хадамоти алоқа, хатлон, хоруғ, бохтар, алоқаи мобилӣ
дар тоҷикистон, интернет, алоқа, хадамоти алоқа, хатлон, хоруғ, бохтар, алоқаи мобилӣ
Роҳандозии Wi-Fi-и ройгон дар боғҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки на танҳо дар боғҳои бузурги шаҳри Душанбе балки дигар манотиқи Тоҷикистон барои сокинон Wi-Fi-и ройгон дастрас хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълон кардааст, ки Дар як қатор боғҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ шабакаи Green Wi-Fi, фаъолият мекунад.
Ба иттилои ин ниҳод Wi-Fi-и ройгон дар боғҳои шаҳрҳо бештар мешавад.
“Сокинон ва меҳмонони шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон акнун метавонанд ҳангоми сайру гашт бе истифодаи трафики мобилӣ паём ирсол намоянд, аксҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой диҳанд ё видео тамошо кунанд”, - қайд кардааст Хадамоти алоқа.
Зикр карда шудааст, ки дар Wi-Fi-и ройгон дар шаҳри Душанбе дар боғҳои ба номи С. Айнӣ, А. Дониш, Куруши Кабир, А. Фирдавсӣ, Рӯдакӣ ва Ҷавонон, инчунин дар толори вуруди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва қисмате аз хиёбони Рӯдакӣ (дар самти боғи Истиқлол) фаъол мебошанд.
Ҳамчунин Wi-Fi-и ройгон дар боғҳои марказии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ ва дигар ҷойҳои маъмули истироҳатӣ дастрас хоҳад буд.
Хадамоти алоқа таъкид кардааст, ки истифодабарандагон метавонанд аз интернети ройгон барои муддати муайян — то 30 дақиқа — истифода баранд.
“Барои истифодаи бештар имкони пайваст кардани бастаҳои пулакӣ бо ҳаҷми зарурии трафик пешбинӣ шудааст”, - қайд кардааст Хадамоти алоқа.