https://sputnik.tj/20260421/malum-shud-casa-faol-megardad-1076974963.html
Маълум шуд кай "CASA-1000" фаъол мегардад
Маълум шуд кай "CASA-1000" фаъол мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон лоиҳаи "CASA-1000" - пули энергетикӣ миёни осиёми марказӣ ва осиёи ҷанубӣ соли 2027 фаъол мегардад
2026-04-21T09:36+0500
2026-04-21T09:36+0500
2026-04-21T11:15+0500
дар тоҷикистон
casa-1000
каса/casa -1000
барқ
энергетика
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/14/1076975589_0:45:3072:1773_1920x0_80_0_0_27cc211139370ea498023134077c5c72.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон айни замон аз чор давлати аъзои лоиҳа "CASA-1000" дар сетои он –Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расидаааст ва корҳо танҳо дар ҳудуди Афғонистон мондааст, ки баҳори соли 2027 ба анҷом мерасад.Вай дар ин бора дар ҷаласаи корӣ, ки дар шаҳри Душанбе вобаста ба баррасии раванди татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" баргузор гардид таъкид кард.Дар ин ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, роҳбарияти “Da Afghanistan Breshna Sherkat” (DABS), Бонки Ҷаҳонӣ ва шикрати пудратчӣ Kamani Engineering Corporation (KEC) ширкат доштанд.Дар ин ҷаласа вазири тоҷик қайд кардааст, ки татбиқи лоиҳаи "CASA-1000" барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, баланд бардоштани эътимод миёни кишварҳои аъзои ва таъмини содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза аҳамияти стратегӣ дорад.“Айни замон аз чор давлати аъзои лоиҳа дар сетои он – Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Афғонистон идома доранд”, - гуфт ӯ.Зикр карда ҳшудааст, ки ҷонибҳо ҷараёни корҳои иҷрошуда, масъалаҳои техникиву молиявӣ, ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият ва муҳлатҳои анҷоми корҳои боқимондаро дар ҳудуди Афғонистон баррасӣ карданд.Дар ин ҷадаса намояндагони ширкати “Брешно” иброз доштанд, ки корҳои боқимонда дар ҳудуди Афғонистон тибқи нақшаи таҷдидшуда, баҳори соли 2027 ба анҷом мерасад ва аз тобистони соли 2027, аллакай, марҳилаи тиҷоратии лоиҳа оғоз мегардад.Таъкид гардидаст, ки анҷоми пурраи ин тарҳи муҳими минтақавӣ ба рушди бозори энергетикӣ, таҳкими амнияти энергетикӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳои аъзои лоиҳа мусоидат хоҳад намуд.Дар фарҷоми ҷаласаҳо Протоколи вохӯрӣ ба имзо расонида шуд.
https://sputnik.tj/20260311/daler-juma-casa-tashabbus-kalidi-energetiki-mintaqa-1075933630.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/14/1076975589_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_a7315939981250ddc23d6b7905c1b378.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, casa-1000, каса/casa -1000, барқ, энергетика, афғонистон
дар тоҷикистон, casa-1000, каса/casa -1000, барқ, энергетика, афғонистон
Маълум шуд кай "CASA-1000" фаъол мегардад
09:36 21.04.2026 (Навсозишуда: 11:15 21.04.2026) Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон лоиҳаи "CASA-1000" - пули энергетикӣ миёни осиёми марказӣ ва осиёи ҷанубӣ соли 2027 фаъол мегардад
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон айни замон аз чор давлати аъзои лоиҳа "CASA-1000" дар сетои он –Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расидаааст ва корҳо танҳо дар ҳудуди Афғонистон мондааст, ки баҳори соли 2027 ба анҷом мерасад.
Вай дар ин бора дар ҷаласаи корӣ, ки дар шаҳри Душанбе вобаста ба баррасии раванди татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" баргузор гардид таъкид кард.
Дар ин ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, роҳбарияти “Da Afghanistan Breshna Sherkat” (DABS), Бонки Ҷаҳонӣ ва шикрати пудратчӣ Kamani Engineering Corporation (KEC) ширкат доштанд.
Дар ин ҷаласа вазири тоҷик қайд кардааст, ки татбиқи лоиҳаи "CASA-1000" барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, баланд бардоштани эътимод миёни кишварҳои аъзои ва таъмини содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза аҳамияти стратегӣ дорад.
“Айни замон аз чор давлати аъзои лоиҳа дар сетои он – Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Афғонистон идома доранд”, - гуфт ӯ.
Зикр карда ҳшудааст, ки ҷонибҳо ҷараёни корҳои иҷрошуда, масъалаҳои техникиву молиявӣ, ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият ва муҳлатҳои анҷоми корҳои боқимондаро дар ҳудуди Афғонистон баррасӣ карданд.
Дар ин ҷадаса намояндагони ширкати “Брешно” иброз доштанд, ки корҳои боқимонда дар ҳудуди Афғонистон тибқи нақшаи таҷдидшуда, баҳори соли 2027 ба анҷом мерасад ва аз тобистони соли 2027, аллакай, марҳилаи тиҷоратии лоиҳа оғоз мегардад.
Таъкид гардидаст, ки анҷоми пурраи ин тарҳи муҳими минтақавӣ ба рушди бозори энергетикӣ, таҳкими амнияти энергетикӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳои аъзои лоиҳа мусоидат хоҳад намуд.
Дар фарҷоми ҷаласаҳо Протоколи вохӯрӣ ба имзо расонида шуд.