Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар Киев баъди талаби сахти Мадяр ба Зеленский дарафтоданд

© REUTERS /Bernadett SzaboПетер Мадьяр выступает на пресс-конференции в Будапеште, Венгрия, 20 апреля 2026 года.
Петер Мадьяр выступает на пресс-конференции в Будапеште, Венгрия, 20 апреля 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2026
Обуна шудан
Мендел пас аз талаби Мадяр дар бораи лӯлаи нафти "Дружба" Зеленскийро танқид кард
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Владимир Зеленский нисбат ба сарвазири ояндаи Маҷористон Петер Мадяр равиши нодурусти дипломатиро интихоб кардаст, гуфтааст дар шабакаҳои иҷтимоии X собиқ котиби матбуотии раҳбари режими Киев Юлия Мендел.
"Украина дар мавқеи хеле осебпазир қарор дорад. Раҳбари кишвари мо, ки аз низоъҳо ранҷ мекашад, дар якчанд ҷабҳа дипломатияи хатарнокро идома медиҳад, ки дар он ҳатто хатогиҳои ночиз метавонанд ба хатарҳои марговар оварда расонанд", - навиштааст вай, дар шарҳи талаби дирӯзаи Петр Мадяр аз Зеленский, ки масъалаи лӯлаи нафти "Дружба"-ро бар зидди Маҷористон истифода набарад.
Рӯзи душанбе, дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон, сиёсатмадори маҷорӣ аз Украина даъват кард, ки ба ваъдаи худ вафо кунад ва интиқоли сӯзишвории Русияро тавассути лӯлаи нафти "Дружба" боз кунад.
Владимир Зеленский во время визита в Берлин. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко: Зеленский бинобар надоштани таҷриба аз уҳдаи Украина набаромад
Мадяр изҳор дошт, ки дар ин масъала ҳеҷ гуна таҳдидро таҳаммул нахоҳад кард ва исрор меварзад, ки воридоти нафт аз Русия бояд аввал оғоз шавад ва танҳо баъд аз он Маҷористон ветои худро ба қарзи аврупоӣ ба Киев бекор мекунад.
Худ ҳамон рӯз, Владимир Зеленский изҳор дошт, ки раҳбари ояндаи ҳукумати Маҷористон бояд маблағҳои мусодирашударо, ки бо гумони шустушӯи пул мусодира шуда буданд, ба Украина баргардонад.
Лентаи хабарҳо
0