Таваллуди беш аз 60 ҳазор кӯдак дар се моҳ дар Тоҷикистон

© unsplash / Gigin KrishnanНоворожденный. Иллюстративное фото
Новорожденный. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ки таваллуди кӯдак дар ҷумҳурӣ тамоюли коҳишёбӣ надорад ва дар се моҳи соли равон беш аз 65 ҳазор кӯдак ба дунё омадааст
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Ба иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар 3 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 65 610 нафар кӯдакон таваллуд шудаанд, ки нисбат ба соли 2025 (60156) 5 454 нафар зиёд мебошад.
Мақомоти Тоҷикистон қайд кардааст, ки ҳифзи саломатии модару кӯдак самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар кишвар ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 1,4 фоиз зиёд шудааст.
Дар соли гузашта ба иттилои манбаъ, зиёдшавии таваллуд ба ғайр аз ВМКБ дар ҳамаи минтақаҳо мушоҳида шудааст.
Вилояти Суғд 1,4%;
Вилояти Хатлон 1,9%;
НТҶ 1,2%;
Шаҳри Душанбе 0,4%.
Дар ВМКБ 2365 кӯдак таваллуд шудааст, ки нисбат ба соли 2024 41 кӯдак (2406) камтар таваллуд шудааст.
Женщина с ребенком. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2026
Эълони шумори дақиқи аҳолии Тоҷикистон: таваллуд дар ВМКБ кам шудааст
Агентии омор қайд кардааст, ки бо назардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират шумораи аҳолӣ то 1-уми январи соли 2026 – 10 миллиону 720 ҳазор нафарро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 – 2% зиёд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0