Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров: Ғарб ният дорад Паймони дигари низомӣ бо иштироки Украина эҷод кунад

© AP / Virginia MayoФлаги Евросоюза и Украины.
Флаги Евросоюза и Украины. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2026
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Русия мегӯяд, ки бино бар бӯҳрони НАТО, Ғарб метавонад бо иштироки Украина як паймони нави низомӣ эҷод кунад
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки дар Аврупо дар шароити бӯҳрон дар дохили НАТО овозҳо дар бораи таъсиси як паймони нави низомӣ, бо иштироки ИА, Бритониё, Норвегия ва Украина паҳн мешавад.
"Мо шоҳиди бӯҳрон дар дохили НАТО ҳастем. Аллакай аз манбаъҳои гуногуни расмии аврупоӣ ба мо хабар мерасад, ки гӯё як паймони нав, бо иштироки ИА, Бритониё, Норвегия ва Украина таъсис медиҳанд", - гуфт Лавров.
Ба гуфтаи вазири хориҷаи Русия, Владимир Зеленский аллакай "барои роҳбарӣ кардани ин мошини нави низомӣ ва омода кардани Аврупо барои ҷанги дигар бар зидди Русия, омодагии худро эълон кардааст".
Талафоти нерӯҳои Украина дар шабонарӯзи охир беш аз 1,2 ҳазор нафарро ташкил дод, - Вазорати дифои Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2026
Талафоти нерӯҳои Украина дар шабонарӯзи охир беш аз 1,2 ҳазор нафарро ташкил дод, - Вазорати дифои Русия.
"Ҳамон тавре ки дар замони Наполеон ва дар давраи Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, ҳамон тавре ки дар замони Гитлер буд. Қувваҳо муттаҳид мешаванд ва бо назардошти он, ки роҳбарияти ИА амалҳои Зеленскийро пуштибонӣ аз арзишҳои аврупоӣ тавсиф мекунад, ин танҳо як чизро метавонад ифода кунад: ки онҳо бори дигар мехоҳанд артишҳои аврупоиро зери парчами нозӣ муттаҳид созанд." - хулоса кард Лавров.
Лентаи хабарҳо
0