https://sputnik.tj/20260420/buja-tojikiston-sol-daromad-beshtar-kharojot-kamtar-1076954107.html
Буҷаи Тоҷикистон сар аз аввали сол даромади бештару хароҷоти камтар доштааст
Буҷаи Тоҷикистон сар аз аввали сол даромади бештару хароҷоти камтар доштааст
Sputnik Тоҷикистон
Буҷа Тоҷикистон сол даромад бештар хароҷот камтар
2026-04-20T09:45+0500
2026-04-20T09:45+0500
2026-04-20T12:02+0500
буҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/01/1072598985_0:26:576:350_1920x0_80_0_0_e4362bebcbd0bf43f46ea75ea369a391.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik Буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон беш аз 16,7 млрд сомонӣ даромад дошт. Ин дар муқоиса бо нақша барои январ - марти соли равон беш аз 8% зиёд мебошад.Дар ин бора додаҳои тозаи Вазорати молияи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.Ба иттилои манбаъ, хароҷоти буҷаи давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон аз нақша 20,5% камтар шудааст. Хароҷоти буҷа дар семоҳа беш аз 13,9 млрд сомониро ташкил дод, дар ҳоле, ки дар нақша 17,5 млрд сомонӣ буд.Таъкид шудааст, ки даромади кишвар дар ин давра аз ҷаримаҳо нисбати нақша ҳудуди 27% камтар шудааст. Буҷаи Тоҷикистон дар семоҳа аз ҳисоби ҷаримаю муҷозот ба андозаи 174 млн сомонӣ даромад гирифтааст. Дар нақша қариби 240 млн сомон буд, бармеояд аз додаҳои вазорат.Дар ин давра грантҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1,36 млрд сомонӣ ҷалб шудаанд. Ин нисбати нақша ҳудуди 2,5% кам мебошад.Маблағҳои қарзӣ ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон дар ҳаҷми 261 млн сомонӣ ҷалб шудаанд. Ин маблағ низ дар муқоиса бо нақша 16,5% кам мебошад.Ҷумҳурӣ ин муддат барои лоиҳаҳои инвеститсионӣ қариби 1,63 млрд сомонӣ равона кардааст, ки ин дар муқоиса бо нақша ҳудуди 5% кам мебошад.
https://sputnik.tj/20260214/buja-davlat-hisob-andoz-mablagh-vorid-1075264889.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/01/1072598985_39:0:539:375_1920x0_80_0_0_8dd86add081ea7e8cfdc12ead90ebee9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
буҷа
Буҷаи Тоҷикистон сар аз аввали сол даромади бештару хароҷоти камтар доштааст
09:45 20.04.2026 (Навсозишуда: 12:02 20.04.2026) Хароҷоти буҷа дар семоҳа беш аз 13,9 млрд сомониро ташкил дод, дар ҳоле, ки дар нақша 17,5 млрд сомонӣ буд, омадааст дар омори вазорат
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik Буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон беш аз 16,7 млрд сомонӣ даромад дошт.
Ин дар муқоиса бо нақша барои январ - марти соли равон беш аз 8% зиёд мебошад.
Дар ин бора додаҳои тозаи Вазорати молияи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, хароҷоти буҷаи давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон аз нақша 20,5% камтар шудааст.
Хароҷоти буҷа дар семоҳа беш аз 13,9 млрд сомониро ташкил дод, дар ҳоле, ки дар нақша 17,5 млрд сомонӣ буд.
Таъкид шудааст, ки даромади кишвар дар ин давра аз ҷаримаҳо нисбати нақша ҳудуди 27% камтар шудааст.
Буҷаи Тоҷикистон дар семоҳа аз ҳисоби ҷаримаю муҷозот ба андозаи 174 млн сомонӣ даромад гирифтааст. Дар нақша қариби 240 млн сомон буд, бармеояд аз додаҳои вазорат.
Дар ин давра грантҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1,36 млрд сомонӣ ҷалб шудаанд. Ин нисбати нақша ҳудуди 2,5% кам мебошад.
Маблағҳои қарзӣ ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон дар ҳаҷми 261 млн сомонӣ ҷалб шудаанд.
Ин маблағ низ дар муқоиса бо нақша 16,5% кам мебошад.
Ҷумҳурӣ ин муддат барои лоиҳаҳои инвеститсионӣ қариби 1,63 млрд сомонӣ равона кардааст, ки ин дар муқоиса бо нақша ҳудуди 5% кам мебошад.