Дар Суғд ғайримақсаднок ва ғайриқонунӣ истифода бурдани нерӯи барқ ба маротиб афзудааст

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкЭлектросчетчик, архивное фото
Электросчетчик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2026
Обуна шудан
Муовини сарвазири Тоҷикистон аз мақомоти Суғд хост барои паст кардани талафоти нерӯи барқ, пешгирӣ аз истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии нерӯи барқ бештар кор кунанд
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Муовини сарвазири Тоҷикистон аз мақомоти Суғд хост корҳо барои паст намудани талафоти нерӯи барқ, пешгирӣ аз истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии нерӯи барқ ва таъмини аҳолии мамлакат бо нерӯи барқи баландсифат, бояд ҷоннок карда шаванд.
Ин масъала дар ҷаласае дар бораи пешгирӣ аз истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии неруи барқ, ки дар вилояти Суғд бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода, муовини Прокурори генералӣ, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон, мақомоти вилояти Суғд ва масъулини як қатор вазорату идораҳои давлатӣ сурат гирифт, баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа муовини муовини Прокурори генералии Тоҷикистон зимни таҳлили камбудиву норасоиҳои ошкоршуда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баён доштанд, ки дар натиҷаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунӣ истифода бурдани нерӯи барқ талафот ва қарзи барқи истифодашуда дар ин минтақа ба маротиб афзудааст.
Монтажник проводит плановый ремонт на линии электропередач. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2026
Ҳаҷми истеҳсоли барқ дар соли равон ба маротиб афзоиш меёбад
Дар ҷаласа Раиси вилояти Суғд, масъулини татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва вазорату идораҳои давлатӣ ваъда доданд, ки камбудиҳои ошкоршуда саривақт бартараф мешаванд.
Мақомоти Суғд қайд кардааст, ки ислоҳи камбудиҳо ба расидан ба истиқлолияти энергетикӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар ин маҷлис муовини сарвазири Тоҷикистон қайд намудааст, ки назорати энергетикӣ аз масъалаҳои калидии сиёсати давлатӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0