https://sputnik.tj/20260419/olmon-tafsilot-tarkish-lulai-gazi-majroi-shimoli-oshkor-1076938066.html
Олмон тафсилоти таркиш дар лӯлаи гази "Маҷрои Шимолӣ"-ро ошкор кард
Олмон тафсилоти таркиш дар лӯлаи гази "Маҷрои Шимолӣ"-ро ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилилу тафтишоти нашрияи “WSJ” ошкор кардааст, ки Зеленский шахсан бомбгузории лӯлаи гази "Маҷрои Шимолӣ"-ро фармон додааст
2026-04-19T13:42+0500
2026-04-19T13:42+0500
2026-04-19T13:42+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
русия
лӯлаи газ
таркиш
амалиёти вижа
олмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1b/1055785351_0:62:1302:794_1920x0_80_0_0_fd8fd02ddf1d07bc75277067fba2f28c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Владимир Зеленский на танҳо аз нақшаи таркондани лӯлаҳои гази "Маҷрои Шимолӣ" огоҳ буд, балки шахсан розигии шифоҳии худро барои таркондани он низ додааст, гуфта шудааст дар китоби тафтишотии рӯзноманигор Боян Панчевский, ки “РИА Новости” ба он дастрасӣ пайдо кард.Китоб бо номи "Таркиш дар Маҷрои Шимолӣ: достони воқеии ҳамлаи террористӣ, ки Аврупоро ба ларза даровард" дар Олмон нашр шудааст ва дар дасти муҳаррирон қарор дорад.Муаллиф ва корманди нашрияи “Wall Street Journal”, шароити таркиш ва паёмадҳои онро тавсиф мекунад. Ба гуфтаи Панчевский, китоб бар асоси мусоҳибаҳои сершумор бо иштирокчиёни ин ҳодисаҳо, муфаттишон ва кормандони иктишофӣ навишта шудааст."Вақте ки амалиёт (таркондани лӯлаҳои газ) шакл гирифт, (фармондеҳи онвақтаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина Валерий) Залужный "барои наҷоти худ" ба (Владимир) Зеленский хабар дод. Дар ин бора ду нафаре, ки аз ин ҳодиса огоҳ буданд нақл карданд", - гуфта мешавад дар китоб.Муаллиф қайд мекунад, ки Залужный на ҳамеша тафсилоти амалиётҳоро дар дохили Украина ба Зеленский гузориш медод, аммо дар мавриди "амалиёти хориҷӣ", эҳтиёткории бузург нишон дод. Ҳамин тариқ, ӯ аз ҷиҳати қонунӣ масъулиятро ба сардори худ вогузор кард.Панчевский иддао дорад, ки вазъият дар тобистони соли 2022, вақте ки CIA аз таркиши банақшагирифташуда огоҳ шуд ва талаб кард, ки Киев аз нақша даст кашад, тағйир ёфт. Зеленский гӯё ба Залужный амр дода буд, ки амалиётро қатъ кунад, аммо, ба гуфтаи рӯзноманигор, ӯ ин фармонро нодида гирифт.Зеленский қаблан расман ҳама гуна даст доштанашро дар таркиши "Маҷрои Шимолӣ" рад карда буд.Элис Вайдел, раиси ҳизби "Алтернатива барои Олмон" (AfD) ва Сара Вагенкнехт, раҳбари Иттиҳоди "Ақил ва адолат”, рӯзи ҷумъа дар посух ба нашри гузоришҳои тафтишотӣ дар бораи таркишҳои лӯлаи гази "Маҷрои Шимолӣ" даъват карданд, ки ба дастгирии молиявӣ ва низомии Украина хотима дода шавад.Таркишҳо дар ду лӯлаи гази содиротии Русия ба Аврупо - Nord Stream 1 ва Nord Stream 2 - 26 сентябри соли 2022 рух доданд. Олмон, Дания ва Шветсия амали қасдании харобкориро истисно накардаанд.Nord Stream AG, оператори Nord Stream, қайд кард, ки хисорот ба лӯлаҳо бесобиқа аст ва тахмин кардани вақти таъмир ғайриимкон аст. Додситонии кулли Русия парвандаи терроризми байналмилалиро боз кардааст. Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия, таъкид кард, ки Русия борҳо дар бораи таркишҳои Nord Stream маълумот дархост кардааст, аммо ҳеҷ гоҳ онро нагирифтааст.
https://sputnik.tj/20230313/patrushev-farziya-nav-takhribkori-majro-shimol-sharh-1055465220.html
https://sputnik.tj/20210729/siyosatshinos-shart-senatorho-ima-majro-shimol-1041276817.html
украина
русия
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1b/1055785351_145:0:1302:868_1920x0_80_0_0_627a906cf157647b744e16039128dec6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, лӯлаи газ, таркиш, амалиёти вижа, олмон
украина, русия, лӯлаи газ, таркиш, амалиёти вижа, олмон
Олмон тафсилоти таркиш дар лӯлаи гази "Маҷрои Шимолӣ"-ро ошкор кард
Таҳлилилу тафтишоти нашрияи “WSJ” ошкор кардааст, ки Зеленский шахсан бомбгузории лӯлаи гази "Маҷрои Шимолӣ"-ро фармон додааст
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Владимир Зеленский на танҳо аз нақшаи таркондани лӯлаҳои гази "Маҷрои Шимолӣ" огоҳ буд, балки шахсан розигии шифоҳии худро барои таркондани он низ додааст, гуфта шудааст дар китоби тафтишотии рӯзноманигор Боян Панчевский, ки “РИА Новости” ба он дастрасӣ пайдо кард.
Китоб бо номи "Таркиш дар Маҷрои Шимолӣ: достони воқеии ҳамлаи террористӣ, ки Аврупоро ба ларза даровард" дар Олмон нашр шудааст ва дар дасти муҳаррирон қарор дорад.
Муаллиф ва корманди нашрияи “Wall Street Journal”, шароити таркиш ва паёмадҳои онро тавсиф мекунад. Ба гуфтаи Панчевский, китоб бар асоси мусоҳибаҳои сершумор бо иштирокчиёни ин ҳодисаҳо, муфаттишон ва кормандони иктишофӣ навишта шудааст.
"Вақте ки амалиёт (таркондани лӯлаҳои газ) шакл гирифт, (фармондеҳи онвақтаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина Валерий) Залужный "барои наҷоти худ" ба (Владимир) Зеленский хабар дод. Дар ин бора ду нафаре, ки аз ин ҳодиса огоҳ буданд нақл карданд", - гуфта мешавад дар китоб.
Муаллиф қайд мекунад, ки Залужный на ҳамеша тафсилоти амалиётҳоро дар дохили Украина ба Зеленский гузориш медод, аммо дар мавриди "амалиёти хориҷӣ", эҳтиёткории бузург нишон дод. Ҳамин тариқ, ӯ аз ҷиҳати қонунӣ масъулиятро ба сардори худ вогузор кард.
Панчевский иддао дорад, ки вазъият дар тобистони соли 2022, вақте ки CIA аз таркиши банақшагирифташуда огоҳ шуд ва талаб кард, ки Киев аз нақша даст кашад, тағйир ёфт. Зеленский гӯё ба Залужный амр дода буд, ки амалиётро қатъ кунад, аммо, ба гуфтаи рӯзноманигор, ӯ ин фармонро нодида гирифт.
Зеленский қаблан расман ҳама гуна даст доштанашро дар таркиши "Маҷрои Шимолӣ" рад карда буд.
Элис Вайдел, раиси ҳизби "Алтернатива барои Олмон" (AfD) ва Сара Вагенкнехт, раҳбари Иттиҳоди "Ақил ва адолат”, рӯзи ҷумъа дар посух ба нашри гузоришҳои тафтишотӣ дар бораи таркишҳои лӯлаи гази "Маҷрои Шимолӣ" даъват карданд, ки ба дастгирии молиявӣ ва низомии Украина хотима дода шавад.
Таркишҳо дар ду лӯлаи гази содиротии Русия ба Аврупо - Nord Stream 1 ва Nord Stream 2 - 26 сентябри соли 2022 рух доданд. Олмон, Дания ва Шветсия амали қасдании харобкориро истисно накардаанд.
Nord Stream AG, оператори Nord Stream, қайд кард, ки хисорот ба лӯлаҳо бесобиқа аст ва тахмин кардани вақти таъмир ғайриимкон аст. Додситонии кулли Русия парвандаи терроризми байналмилалиро боз кардааст. Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия, таъкид кард, ки Русия борҳо дар бораи таркишҳои Nord Stream маълумот дархост кардааст, аммо ҳеҷ гоҳ онро нагирифтааст.