https://sputnik.tj/20260418/tojikiston-justujui-shahrvandoni-bedarakshudaro-idoma-khohad-dod-1076917771.html
Тоҷикистон ҷустуҷӯи шаҳрвандони бедаракшударо идома хоҳад дод
Тоҷикистон ҷустуҷӯи шаҳрвандони бедаракшударо идома хоҳад дод
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон мегӯянд, ки дар байни шахсони беному нишонгашта на танҳо гурезагон, балки муҳоҷирони зиёди меҳнатӣ низ ҳастанд
2026-04-18T13:39+0500
2026-04-18T13:39+0500
2026-04-18T13:39+0500
дар тоҷикистон
собиқадорон
собиқадорони ҷбв
таърих
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/11/1076912199_0:8:996:568_1920x0_80_0_0_f5e3028efed74716121cb8fa9ca8c577.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Солҳои 2024-2025, бо кумаки Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, тамоси 16 оилаҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки барои кӯмак дар ёфтани хешовандони гумшудаашон ба ин созмон муроҷиат карда буданд, бо хешовандонан барқарор карда шуд.Дар ин бора аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд.Ҷуғрофияи макони муайяншудаи шахсони гумшуда васеъ аст - аз Тоҷикистон то Финляндия, Канада ва Амрико. Ва сабабҳои бедарак шуданашон гуногунанд. Баъзеҳо ихтиёрӣ, баъзеҳо тасодуфан беному нишон гардиданд, баъзеҳо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё баъзан аз занону фарзандони худ пинҳон шудаанд, ё оилаи нав дар кишвари дигар барпо карданд."Муҳим аст, ки таъкид кунем, ки мо аз рӯи принсипҳои асосии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки дар Конфронси байналмилалӣ дар соли 1965 қабул шуда буданд, фаъолият дорем. Мафҳуми бетарафӣ яке аз ҳафт принсипест, ки одамон ҳангоми ҷустуҷӯи шахсони бедаракшуда онро нодида мегиранд. Аммо, чунон ки ҳолатҳои мушаххас нишон доданд, ҳангоми муайян кардани суроғаи одамон онро низ бояд риоя кард, зеро на ҳама нафарон мехоҳанд бо хешовандони худ дубора муттаҳид шаванд. Ин бошад як ҳуқуқи инсон аст", - шарҳ дод Камолова.Бо ишора ба таърихи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки соли 2027 100-солагии таъсисёбиашро ҷашн мегирад, ҳамоҳангсоз таъкид кард, ки асосгузори ин ҳаракат дар кишвар раиси Шӯрои Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Мардумии Тоҷикистон, Қаҳрамони миллат Нусратулло Махсум ҳисобида мешавад.Аввалин ташкилотҳои ин созмони башардӯстона соли 1914 дар Осиёи Марказӣ, дар қаламрави Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан таъсис ёфтанд, ки бо оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ рост омад.Дар рафти мизи мудаввар, рӯзноманигорон дар бораи сарнавишти шаҳрвандони Афғонистон, ки дар натиҷаи тағйири ҳукумат дар кишварашон ба Тоҷикистон омадаанд, пурсиданд.Ҳамоҳангсози ҷумҳуриявӣ Зулфия Нуралиева дар бораи сарнавишти як зани афғонӣ, ки замони ҷанги шаҳрвандии кишвар аз фарзандон ва шавҳараш ҷудо шуд, нақл кард. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, вобаста ба муроҷиати сардори оила бо умеди ёфтани фарзандон ва ҳамсараш, ки дар Тоҷикистон қарор доштанд, барои муттаҳид кардани кӯдакон бо падар ва модарашон кумак кард.Айни замон, чунон ки Ислом Бобоев, раиси дафтари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ба рӯзноманигорон хабар дод, дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи шимолии кишвар 18 шӯъба фаъолият мекунад. Ба кормандони ин созмон тақрибан 2000 ихтиёриён низ кӯмак мерасонанд.
https://sputnik.tj/20260212/rahimzoda-jangho-suriya-iroq-afghoniston-tojikon-ishtirok-kushta-1075217702.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/11/1076912199_100:0:868:576_1920x0_80_0_0_5ad27cae8a4f5fb847c7b368b570d2b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, собиқадорон, собиқадорони ҷбв, таърих
дар тоҷикистон, собиқадорон, собиқадорони ҷбв, таърих
Тоҷикистон ҷустуҷӯи шаҳрвандони бедаракшударо идома хоҳад дод
Коршиносон мегӯянд, ки дар байни шахсони беному нишонгашта на танҳо гурезагон, балки муҳоҷирони зиёди меҳнатӣ низ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Солҳои 2024-2025, бо кумаки Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, тамоси 16 оилаҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки барои кӯмак дар ёфтани хешовандони гумшудаашон ба ин созмон муроҷиат карда буданд, бо хешовандонан барқарор карда шуд.
Дар ин бора аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷуғрофияи макони муайяншудаи шахсони гумшуда васеъ аст - аз Тоҷикистон то Финляндия, Канада ва Амрико. Ва сабабҳои бедарак шуданашон гуногунанд. Баъзеҳо ихтиёрӣ, баъзеҳо тасодуфан беному нишон гардиданд, баъзеҳо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё баъзан аз занону фарзандони худ пинҳон шудаанд, ё оилаи нав дар кишвари дигар барпо карданд.
"Аксари дархостҳо ба одамоне дахл доштанд, ки ҷумҳуриро барои ҷустуҷӯи кор дар дигар кишварҳо тарк карда буданд, аммо инчунин гурезагон аз Афғонистон ва худи Тоҷикистон низ буданд, ки маҷбур буданд дар давраи низоъҳо аз хонаҳои худ фирор кунанд", - гуфт зимни як мизи мудаввар бо рӯзноманигорон ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Хадамоти ҷустуҷӯ ва ҳифзи робитаҳои оилавӣ Раънохон Камолова.
"Муҳим аст, ки таъкид кунем, ки мо аз рӯи принсипҳои асосии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки дар Конфронси байналмилалӣ дар соли 1965 қабул шуда буданд, фаъолият дорем. Мафҳуми бетарафӣ яке аз ҳафт принсипест, ки одамон ҳангоми ҷустуҷӯи шахсони бедаракшуда онро нодида мегиранд. Аммо, чунон ки ҳолатҳои мушаххас нишон доданд, ҳангоми муайян кардани суроғаи одамон онро низ бояд риоя кард, зеро на ҳама нафарон мехоҳанд бо хешовандони худ дубора муттаҳид шаванд. Ин бошад як ҳуқуқи инсон аст", - шарҳ дод Камолова.
Бо ишора ба таърихи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки соли 2027 100-солагии таъсисёбиашро ҷашн мегирад, ҳамоҳангсоз таъкид кард, ки асосгузори ин ҳаракат дар кишвар раиси Шӯрои Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Мардумии Тоҷикистон, Қаҳрамони миллат Нусратулло Махсум ҳисобида мешавад.
Аввалин ташкилотҳои ин созмони башардӯстона соли 1914 дар Осиёи Марказӣ, дар қаламрави Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан таъсис ёфтанд, ки бо оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ рост омад.
Дар рафти мизи мудаввар, рӯзноманигорон дар бораи сарнавишти шаҳрвандони Афғонистон, ки дар натиҷаи тағйири ҳукумат дар кишварашон ба Тоҷикистон омадаанд, пурсиданд.
Ҳамоҳангсози ҷумҳуриявӣ Зулфия Нуралиева дар бораи сарнавишти як зани афғонӣ, ки замони ҷанги шаҳрвандии кишвар аз фарзандон ва шавҳараш ҷудо шуд, нақл кард. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, вобаста ба муроҷиати сардори оила бо умеди ёфтани фарзандон ва ҳамсараш, ки дар Тоҷикистон қарор доштанд, барои муттаҳид кардани кӯдакон бо падар ва модарашон кумак кард.
Айни замон, чунон ки Ислом Бобоев, раиси дафтари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ба рӯзноманигорон хабар дод, дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи шимолии кишвар 18 шӯъба фаъолият мекунад. Ба кормандони ин созмон тақрибан 2000 ихтиёриён низ кӯмак мерасонанд.