Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Манбаъ: Нишасти дар бораи Украина дар Туркия пас аз азсаргирии музокирот имконпазир аст

© Sputnik / POOL/Alexander Ryumin / Гузариш ба медиабонкВторой раунд переговоров России и Украины
Второй раунд переговоров России и Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2026
Обуна шудан
Манбаъ дар ҳукумати Трукия ба расонаҳо хабар додааст, ки нишаст дар бораи барқарории сулҳ дар Украина дар Туркия пас аз азсаргирии музокирот имконпазир ахоҳад буд
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Як манба дар ҳукумати Туркия ба хабаргузории “РИА Новости” хабар додааст, ки баргузории нишасти сатҳи баланд дар Туркия дар бораи ҳалли низоъ дар Украина танҳо пас аз аз сар гирифтани музокироти сатҳи ҳайатҳо имконпазир хоҳад буд.
Рӯзи ҷумъа, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон омодагии худро барои мизбонии чунин нишаст дар Туркия эълон кард.
"Мулоқот дар сатҳи роҳбарон танҳо пас аз бозгашти ҳайатҳои ду ҷониб ба раванди музокирот ва ба даст овардани пешрафти муайян имконпазир аст", - гуфт манбаъ ба агентӣ.
Ба гуфтаи вай, кори ҳайатҳо бояд заминаро барои баргузории нишасти эҳтимолӣ фароҳам созанд.
Военнослужащий 24-й механизированной бригады Вооруженных сил Украины запускает дрон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Киев омори воридоти дронҳоро аз Аврупо пинҳон мекунад
"Бидуни тавофуқоти пешакӣ ва таҳияи масъалаҳои калидӣ дар сатҳи гурӯҳи музокирот, ташкили мулоқоти пурсамари роҳбарон ғайриимкон аст", - қайд кард манбаъ.
Вай афзуд, ки Туркия омода аст, ин равандро осон кунад.
"Анқара барои баргузории музокироти сатҳи ҳайатҳо ва мулоқоти сатҳи сарони ду кишвар дар сурати фароҳам овардани шароити зарурӣ омода аст", - таъкид кард манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0