https://sputnik.tj/20260417/qasd-vurud-qochoqbar-afghon-tojikiston-kdam-1076904462.html
Қасди вуруди се қочоқбари афғон ба Тоҷикистон: КДАМ гуфт, яке фирору дуи дигар нобуд шуд
Қасди вуруди се қочоқбари афғон ба Тоҷикистон: КДАМ гуфт, яке фирору дуи дигар нобуд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ду нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ нобуд карда шуда, яке бо истифода аз торикӣ фирор кардааст
2026-04-17T13:49+0500
2026-04-17T13:49+0500
2026-04-17T13:55+0500
дар тоҷикистон
марз
афғонистон
қочоқи маводи мухаддир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101458/11/1014581158_0:36:1600:936_1920x0_80_0_0_ce2bb918df37ceb06ebf5fd12ea987ed.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон аз як ҳолати дигар кӯшиши марзшиканӣ аз хоки Афғонистон хабар доданд.Ба гузориши КДАМ, ҳодиса шаби 17-уми апрел, дар нуқтае аз сарҳад, воқеъ дар ноҳияи Фархор сар зада, 3 нафар қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.Таъкид шудааст, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангии кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ масири ҳаракати ҷинояткорон муайян ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ гардид.Гуфта мешавад, ки аз ҷои ҳодиса ҷасади ду нафар қочоқбари афғон, 2 адад силоҳи оташфишони автомати “Калашников”, ду тирдон бо 35 дона тири қутрашон 7.62, як адад камони шикорӣ ва ду борхалта бо 25 адад бастаи маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.Ин ниҳод гуфтааст, ки дар пайи санҷиш муаян гардид, ки воситаи нашъадори мусодирашуда,ҳашиш буда, вазни умумиаш 25 килограммро ташкил медиҳад.Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи Раёсати тафтишоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20260202/afghonho-bozdoshti-khoriji-tojikiston-mavodi-mukhaddir-1074964491.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101458/11/1014581158_0:0:1248:936_1920x0_80_0_0_4c1aabdcc9216610cdaad6371feddbb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, марз, афғонистон, қочоқи маводи мухаддир
дар тоҷикистон, марз, афғонистон, қочоқи маводи мухаддир
Қасди вуруди се қочоқбари афғон ба Тоҷикистон: КДАМ гуфт, яке фирору дуи дигар нобуд шуд
13:49 17.04.2026 (Навсозишуда: 13:55 17.04.2026) Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ду нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ нобуд карда шуда, яке бо истифода аз торикӣ фирор кардааст
ДУШАНБЕ, 17 апр - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон аз як ҳолати дигар кӯшиши марзшиканӣ аз хоки Афғонистон хабар доданд.
Ба гузориши КДАМ, ҳодиса шаби 17-уми апрел, дар нуқтае аз сарҳад, воқеъ дар ноҳияи Фархор сар зада, 3 нафар қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.
Таъкид шудааст, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангии кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ масири ҳаракати ҷинояткорон муайян ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ гардид.
“Қочоқбарон ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ду нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ нобуд карда шуд. Як нафар аъзои гурӯҳ аз торикии шаб истифода карда, ба самти Афғонистон фирор намуд”,- афзудааст КДАМ Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки аз ҷои ҳодиса ҷасади ду нафар қочоқбари афғон, 2 адад силоҳи оташфишони автомати “Калашников”, ду тирдон бо 35 дона тири қутрашон 7.62, як адад камони шикорӣ ва ду борхалта бо 25 адад бастаи маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар пайи санҷиш муаян гардид, ки воситаи нашъадори мусодирашуда,ҳашиш буда, вазни умумиаш 25 килограммро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи Раёсати тафтишоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.