https://sputnik.tj/20260416/peshgui-khba-rushdi-mmd-tojikiston-1076870797.html
Пешгӯии ХБА: Рушди ММД-и Тоҷикистон 6% хоҳад буд
Пешгӯии ХБА: Рушди ММД-и Тоҷикистон 6% хоҳад буд
Sputnik Тоҷикистон
Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) пешгӯии худро дар барои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2026 тағйир дод
2026-04-16T11:41+0500
2026-04-16T11:41+0500
2026-04-16T11:49+0500
дар тоҷикистон
рушд
ммд
иқтисод
молия
хба
гузориш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/10/1076875751_33:350:1024:908_1920x0_80_0_0_640a4e8118a688dc5e29e1ab8109d217.png
ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Тибқи гузориши ҷадиди Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2026 то 6% рушд ёбад.Дар гузориши моҳи октябр ХБА пешгӯӣ карда буд, ки ММД-и Тоҷикистон дар соли 2026 5,5% афзоиш хоҳад ёфт.“Тибқи пешгӯии навшуда, афзоиши иқтисодии кишвар метавонад дар соли 2027 то 4,8% суст шавад”, қайд кардааст ХБА.Ба гуфтаи коршиносони ХБА, таваррум дар кишвар то охири соли ҷорӣ ба 4% мерасад (пешгӯии қаблӣ 4,5%) ва метавонад дар соли 2027 то 4,7% афзоиш ёбад.Ба гуфтаи ХБА, мозоди ҳисоби ҷории Тоҷикистон дар соли 2026 аз 16,6% ММД дар соли 2025 то 6,3% ММД коҳиш хоҳад ёфт ва дар соли 2027 то 2,5% ММД ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Бонки АвруОсиёии Рушд эълон кард, ки иқтисоди Тоҷикистон дараввали соли2026 суръати баландирушдро нигоҳмедорад.Тибқи гузориши ахири макроиқтисодии Бонки Рушди Авруосиё, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 суръати мусбати устуворро нишон хоҳад дод.Бонк тахмин мезанад, ки афзоиши ММД то охири соли 2026 ба 8,1% мерасад.Бояд цайд кард, ки чанде пеш Ширкати “S&P Global Ratings”, рейтинги қарзии Тоҷикистонро дар сатҳи B қарор дода, дурнаморо аз "устувор" ба "мусбат" баланд бардошт.Дар ҳамин ҳол, ширкати “S&P Global Ratings” дар гузориши ахири худ навишта буд, ки афзоиши ММД-и Тоҷикистон дар соли 2026 аз 8,4% дар соли гузашта то 7,1% коҳиш ёфта, таваррум аз 3,5% то 5% зиёд мешавад.S&P таъкид мекунад, ки дар муқоисаи ҷаҳонӣ, ММД-и Тоҷикистон ба сари аҳолӣ хеле паст боқӣ мемонад. Дар байни хатарҳои асосии сохторӣ барои иқтисоди кишвар, оҷонсӣ аз ҳаҷми баланди интиқоли пулро, ки ба 60% ММД мерасад, қайд кард.Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон афзоиши иқтисодро дар солҳои 2026, 2027 ва 2028 мутаносибан 8,5%, 8,3% ва 8,6% пешгӯӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20260318/baor-rushdi-iqtisodi-tojikistonro-guft-1076128347.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/10/1076875751_30:184:1024:929_1920x0_80_0_0_cc83c8631f06aac659cbf29e21623a87.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рушд, ммд, иқтисод, молия, хба, гузориш
дар тоҷикистон, рушд, ммд, иқтисод, молия, хба, гузориш
Пешгӯии ХБА: Рушди ММД-и Тоҷикистон 6% хоҳад буд
11:41 16.04.2026 (Навсозишуда: 11:49 16.04.2026) Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) пешгӯии худро дар барои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2026 тағйир дод
ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Тибқи гузориши ҷадиди Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2026 то 6% рушд ёбад.
Дар гузориши моҳи октябр ХБА пешгӯӣ карда буд, ки ММД-и Тоҷикистон дар соли 2026 5,5% афзоиш хоҳад ёфт.
“Тибқи пешгӯии навшуда, афзоиши иқтисодии кишвар метавонад дар соли 2027 то 4,8% суст шавад”, қайд кардааст ХБА.
Ба гуфтаи коршиносони ХБА, таваррум дар кишвар то охири соли ҷорӣ ба 4% мерасад (пешгӯии қаблӣ 4,5%) ва метавонад дар соли 2027 то 4,7% афзоиш ёбад.
Ба гуфтаи ХБА, мозоди ҳисоби ҷории Тоҷикистон дар соли 2026 аз 16,6% ММД дар соли 2025 то 6,3% ММД коҳиш хоҳад ёфт ва дар соли 2027 то 2,5% ММД ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Бонки АвруОсиёии Рушд эълон кард, ки иқтисоди Тоҷикистон дараввали соли2026 суръати баландирушдро нигоҳмедорад.
Тибқи гузориши ахири макроиқтисодии Бонки Рушди Авруосиё, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 суръати мусбати устуворро нишон хоҳад дод.
Бонк тахмин мезанад, ки афзоиши ММД то охири соли 2026 ба 8,1% мерасад.
Бояд цайд кард, ки чанде пеш Ширкати “S&P Global Ratings”, рейтинги қарзии Тоҷикистонро дар сатҳи B қарор дода, дурнаморо аз "устувор" ба "мусбат" баланд бардошт.
Дар ҳамин ҳол, ширкати “S&P Global Ratings” дар гузориши ахири худ навишта буд, ки афзоиши ММД-и Тоҷикистон дар соли 2026 аз 8,4% дар соли гузашта то 7,1% коҳиш ёфта, таваррум аз 3,5% то 5% зиёд мешавад.
S&P таъкид мекунад, ки дар муқоисаи ҷаҳонӣ, ММД-и Тоҷикистон ба сари аҳолӣ хеле паст боқӣ мемонад. Дар байни хатарҳои асосии сохторӣ барои иқтисоди кишвар, оҷонсӣ аз ҳаҷми баланди интиқоли пулро, ки ба 60% ММД мерасад, қайд кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон афзоиши иқтисодро дар солҳои 2026, 2027 ва 2028 мутаносибан 8,5%, 8,3% ва 8,6% пешгӯӣ мекунад.