Мутахассисони алоқа барои чӣ маблағ мегиранд

© SputnikЗа что связисты берут деньги
За что связисты берут деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2026
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
Чоряк аср пеш алоқаи мобилӣ як хизматрасонии нодиру нотакроре буд ва нархи он бо доллар ҳисоб карда мешуд
ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Айни ҳол миқдори смартфонҳо дар кишвар ба миллинҳо адад расидааст, хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ба ҳар як нафар дастрасанд, лекин масъалаи молиявӣ то ҳол масъалаи нигаронкунандаи муштариён боқӣ мемонад. Ва бисёриҳо ба он назаранд, ки арзиши тарофаҳо аз “иштиҳои” операторон вобастагӣ дорад.
Биёед дида бароем, ки дар нархи тарофа арзиши аслӣ чӣ ҳиссаро ташкил медиҳад ва кадом хароҷотҳо бояд аз ҷониби ширкатҳои телекоммуникатсионӣ пӯшонида шаванд, то ки онҳо фоидаи худро аз даст надиҳанд.

Тарофа аз чӣ иборат аст

Мо хеле зиёд ҷиҳатҳои бебаҳсро фаромӯш месозем: алоқа дар ҷойи холӣ ҳосил намешавад. Барои имкони анҷоми зангҳо ё тариқи паёмрасонҳо навиштани паёмакҳо ба дӯстони худ инфрасохтори зарурии ҷиддӣ лозим меояд: пойгоҳҳои базавӣ, коммутаторҳо, хатҳои нахӣ-нурӣ, ки тариқи онҳо трафик байни шаҳру минтақаҳо интиқол меёбад.
Мутахассисоне зарур меоянд, ки ин таҷҳизотро насб карда, кори онро назорат мекунанд. Нерӯи барқе лозим меояд, ки ташкилотҳои берунии таъминкунандаи нерӯ пешниҳод менамоянд. Ва ин танҳо оғози рӯйхати калон мебошад.
Моҳиятан гирем, арзиши аслии тарофаҳо даҳҳо (!) моддаҳоро ташаккул медиҳанд. Оё Шумо медонистед, ки операторон ба таври доимӣ барои истифодаи радиобасомадҳо маблағ пардохт менамоянд? Танҳо давоми соли гузашта ин хароҷоти ҳатмӣ ба андозаи 41% зиёд гардиданд.
Маҳз чунин ҳолат бо нерӯи барқ мушоҳида мешавад – дар ин самт маблағҳои пардохткунандаи ширкатҳои телекоммуникатсионӣ 31% афзоиш ёфт. Сӯзишвории дизелӣ, ки қобилияти кории пойгоҳҳои базавиро ҳангоми қатъи нерӯи барқ нигоҳ медорад, ҳамчунин тӯли як сол 17% зиёд шуд.
МегаФон Life: как выгодно звонить из России. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2026
“МегаФон Life”: чӣ тавр аз Россия бо манфиат занг зад
Ана акнун фикр карда муқоиса намоед: ба андозаи чанд фоиз ё сомонӣ тӯли як сол шахсан тарофаи шумо гарон шуд – ва оё он воқеан гарон шуда буд? Операторон аслан нархҳоро бо дили нохоҳам боло мебаранд, зеро нархҳои паст – афзалияти беҳтарини рақобатист. Лекин, масалан, маротибае дар ду сол лозим меояд, ки сиёсати нархӣ мавриди бозбинӣ қарор дода шавад, дар акси ҳол таваррум ва дигар омилҳои иқтисодӣ тиҷоратро камсамар мегардонанд.
Ин чораҳои маҷбуриро ширкатҳои телекоммуникатсионӣ бо бонусҳои мухталиф ҷуброн менамоянд. Одатан ба тарофаҳо дақиқаҳо ва трафики интернети бештар, трафики бемаҳдуд барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо, хизматрасониҳои иловагии рақамӣ ба монанди обунаҳои ройгон ба онлайн-кинотеатрҳо дохил карда мешаванд. Аз таҷрибаи баландбардории арзиши тарофаҳо ҳамаи операторони алоқа кор мегиранд.

Бо фоизҳо ҳисоб мекунем

Сохтори хароҷоти ҳар як оператор фарқкунанда мебошад. Масалан, яке аз операторон метавонад ба бунёди шабака, насби пойгоҳҳои базавӣ дар ноҳияҳо ва нуқтаҳои хурди аҳолинишин аз дигар операторон бештар маблағ сарф намояд. Лекин дар маҷмӯъ гирем, ба нархи тарофаҳои мобилӣ ҳамон як бандҳо дохил карда мешаванд.
Мобильное приложение МегаФон Life  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2026
“МегаФон Life”: алоқа бидуни маҳдудиятҳо ва хароҷоти зиёдатӣ
Рақамҳои миёнаи бозорӣ айни замон чунинанд: 30% арзиши аслии тарофа хароҷотро барои бунёду рушди шабака ташаккул медиҳад. 20% - ба корбурд ва дастгирии он, аз ҷумла корҳои садамавӣ-барқарорсозӣ нигаронида шудааст. Ин барои Тоҷикистони кӯҳӣ, ки дар он селу заминларзаҳо зиёд ба миён меоянд, хеле муҳим аст. 18% хароҷоти нерӯи барқ ва 12% бошад, хароҷоти амалиётиро ташкил медиҳанд.
Ба хароҷоти амалиётӣ, масалан, иҷораи майдонҳое, ки дар онҳо иншоотҳои алоқа насб шудаанд, нигоҳубини идораҳои хизматрасонӣ ва IT-системаҳо дохил мешаванд. 8% - пардохт барои истифодаи басомадҳо мебошад. 5% дигар – андозҳо. 7% охирини арзиши аслӣ барои пӯшонидани хароҷоти дигари боқимондаи лозимӣ пешбинӣ шудааст. Агар ҳамаи инро дар хотир дорем, нархи тарофаҳо он қадар гарон наменамоянд.
Лентаи хабарҳо
0