Дар Хатлон ба 3347 кӯдаки гирифтори камғизоӣ кумак расонида шудааст

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкОрганизация питания в школах
Организация питания в школах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2026
Обуна шудан
Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон наздик ба 2000 муассисаи таҳсилоти умумиро бо маҳсулоти ғизоии хушсифат таъмин намуд
ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Ахиран раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар дидор бо намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ СММ) дар Тоҷикистон Симон Ҳоллема ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои судманд дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро баррасӣ кард.
Раиси вилояти Хатлон қайд кард, бо дастгирии барнома дар Тоҷикистон наздик ба 2000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо маҳсулоти ғизоии хушсифат таъмин гардида, хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо ғизои солим фаро гирифта шудаанд.
Қайд гардидааст, ки аз миёнаи солҳои 2000-ум Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар вилояти Хатлон татбиқи барномаҳои "Кумаки озуқаворӣ бар ивази меҳнат" ва "Барқарорсозии дороиҳои ҷамъиятӣ"-ро густариш додааст.
Вай афзуд, ки дар доираи ин барномаҳо инфрасохтори кишоварзӣ, системаҳои обёрӣ, заминҳои корам ва тадбирҳои ҳифзи муҳити зист рушд ёфта, манбаъҳои зиндагии аҳолии деҳот тақвият ёфтаанд.
Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон гуфт, ки дар вилоят зиёда аз 220 ҳазор хонанда дар 707 муассисаи таълимии 24 шаҳру ноҳия бо маҳсулоти ғизоии босифат (орд, равған, нахӯд) таъмин карда мешаванд.
“Барномаҳои махсус барои кӯдакони аз 6 то 59-моҳа дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Шаҳритус амалӣ мегарданд. Танҳо дар соли 2025 ба 3347 кӯдаки гирифтори камғизоӣ тавассути 209 муассисаи тиббӣ кумак расонида шудааст”, - қайд кард Давлаталӣ Саид.
Вай гуфт, ки тавассути лоиҳаҳои "кумаки озуқаворӣ бар ивази меҳнат", системаҳои обёрӣ ва заминҳои корами вилоят барқарор карда шуда, манбаъҳои даромади аҳолии деҳот тақвият ёфтаанд.
Посадка картофеля в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2023
СММ дар бораи вазъи ғизо дар Осиёи Марказӣ гуфт
Ҷонибҳоҳамчунин татбиқи лоиҳаи "Фаъолияти шабакаи амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон" (бо маблағгузории ИМА) дар ноҳияҳои Панҷ, Вахш, Хуросон ва Восеъ ва лоиҳаи агротехнологии KOICA барои ҷавононро мусбат арзёбӣ карданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба зарурати дастгирии хоҷагиҳои деҳқоние, ки аз ҷониби занон роҳбарӣ мешаванд, махсусан дар ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва дастрасӣ ба бозор, таъкид намуд.
Пас аз мулоқот маросими ифтитоҳи бахши ғизои мактабӣ дар назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон барпо гардид. Барои таҳкими иқтидори техникии ин ниҳод, аз ҷониби БОҶ СММ як адад автомашинаи хизматии Toyota Prado тақдим карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0