Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВАО: Кишварҳои бузурги ИА намехоҳанд дар бораи узвияти Украина музокира кунанд

© Sputnik / Alexey Vitvitsky / Гузариш ба медиабонкФлаги ЕС и Украины
Флаги ЕС и Украины  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2026
Обуна шудан
Нашрияи Politico менависад, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз муҳокимаи пайвастани Украина ба Иттиҳод дар ояндаи наздик худдорӣ доранд
ДУШАНБЕ, 14 апр – Sputnik. Кишварҳои бузурги Иттиҳодияи Аврупо аз баррасии пайвастани Украина ба Иттиҳод дар ояндаи наздик худдорӣ мекунанд, навиштааст нашрияи Politico бо истинод ба манбаъҳо худ.
Дар аввали моҳи март, мақомдори ИА Марта Кос изҳор дошт, ки Украина то соли 2027 тибқи механизми мураккаби узвият, ба ИА шомил шуда наметавонад ва аз ин рӯ, Комиссияи Аврупо нақшаи истисноии узвиятро барои Киев омода мекунад.
Ба гуфтаи дипломатҳои ИА, Олмон, Нидерландия ва Италия тарафдори пайвастани аъзои нав дар асоси муваффақияти онҳо дар татбиқи ислоҳоти дахлдор ва бидуни истисноҳои геополитикӣ мебошанд.
"Албатта, мо намехоҳем [Владимир] Зеленскийро заиф кунем... аммо аксарияти кулли кишварҳои узв ҳоло хоҳиши муҳокимаи ин масъаларо надоранд", - навиштааст рӯзнома аз суханони як дипломат.
Премьер-министр Венгрии Виктор Орбан во время пресс-подхода после голосования на парламентских выборах на одном из участков в Будапеште.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар Ғарб гуфтанд, ки рафтани Орбан аз саҳнаи сиёсӣ барои Украина чӣ паёмад хоҳад дошт
Тавре ки рӯзнома қайд мекунад, зимни мулоқоти аввали моҳи март намояндагони кишварҳои ИА ба пайвастани Украина ба ИА дар соли 2027 мухолифат карданд. Тарафдорони пайвастани Украина ба Иттиҳоди Аврупо, ба монанди Шветсия ва Дания, пешниҳод мекунанд, ки музокироти узвият то охири соли 2027 ба анҷом расад. Аммо, як мақоми беном дар ИА таъкид мекунад, ки кишварҳои бузург ҳанӯз барои тасдиқи оғози ин муколама омода нестанд.
Дар моҳи июни соли 2022 ИА ба Украина ва Молдова мақоми номзад барои иттиҳоди ҳамгироӣ дод ва якчанд шартҳои қатъиро барои оғози расмии музокироти узвият муқаррар кард. ИА борҳо эътироф кардааст, ки ин қарор асосан рамзӣ буд: барои дастгирии ин давлатҳо дар муқовимати онҳо бо Русия буд.
Лентаи хабарҳо
0