Тоҷикистон квота баро ҷалби муҳоҷиронро муаян кард: чиниҳо дар ҷойи аввал

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкПаспорт гражданина КНР. Иллюстративное фото
Паспорт гражданина КНР. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2026
Обуна шудан
Аз квотае, ки барои хориҷиён соли равон дар Тоҷикистон муқаррар шудааст, беш аз 3,2 ҳазор нафар ба истеҳсолоти саноатӣ ва қариби 1,2 ҳазор нафар ба сохтмон рост меояд
ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Тоҷикистон барои ҷалби муҳоҷирон аз хориҷи кишвар квота муқарра кард.
Бар асоси қарори раҳбарияти кишвар квотаи ҷалби коргарони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ дар соли равон 5,5 ҳазор нафар муқарра шудааст.
Аз ин шумор беш аз 3,2 ҳазор нафар ба Душанбе, қариб 1,2 ҳазор нафар ба шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.
Ҳамчунин 700 нафар ба вилояти Суғд, 310 тан ба Хатлон ва 60 нафар ба ВМКБ рост меояд.
Тавре аз қарори Ҳукумат бармеояд аксари коргарони хориҷӣ дар Тоҷикистон чиниҳо мебошанд.
Аз квотаи 5,5 ҳазор нафарии муҳоҷирони хориҷӣ, ки барои сали равон муқаррар шудааст, 3,4 ҳазор нафарашро чиниҳо ташкил медиҳанд.
Выдача разрешения на работу в России иностранным гражданам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2026
Мақомот аз муҳоҷирон хост, пеш аз сафар ба Русия манъи вуруди худро санҷанд
Теъдоди умумии коргарони русиягӣ бошад, барои соли равон аз рӯӣ квота 200 нафар муқаррар шудааст, ки аз ин 140 нафарашба шаҳри Душанбе ва боқимонда ба шаҳру навоҳии дигар рост меояд, бармеояд аз қарори ҳукумат.
Таъкид мешавад, ки саноату сохтмон бахшҳои асосиянд, ки дар Тоҷикистон ба онҳо коргарони хориҷӣ ҷалб мешаванд.
Аз 5,5 ҳазор квотае, ки барои хориҷиён соли равон дар Тоҷикистон муқаррар шудааст, беш аз 3,2 ҳазор нафар ба истеҳсолоти саноатӣ ва қариби 1,2 ҳазор нафар ба сохтмон рост меояд.
Маврид ба зикр аст, ки маош ва дигар пардохтҳои марбут ба меҳнат дар Тоҷикистон минбаъд дар кишвар ғайринақдӣ сурат хоҳанд гирифт.
Тағйирот дар ин бора ба Кодекси меҳнати Тоҷикистонро Маҷлиси намояндагон қабул карда, таъкид шуд, ки муқаррарот ба ҳамаи субъектҳо, новобаста аз шакли ҳуқуқию ташкилӣ ва моликият дахл дорад.
Лентаи хабарҳо
0