Раҳмон бо дабири кулли СПАД вазъият дар минтақаро баррасӣ кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон принял Генерального секретаря ОДКБ Таалатбека Масадыкова.
Эмомали Рахмон принял Генерального секретаря ОДКБ Таалатбека Масадыкова. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2026
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо дабири кулли СПАД масоили мубрами ҳамкорӣ дар доираи СПАД-ро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар Душанбе бо дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) Таалатбек Масадиқов, ки бо сафари корӣ дар пойтахт ҳузур дорад, дидору мулоқот кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин дидор раҳбари Тоҷикистон дабири кулли СПАД-ро барои ба кор дар вазифаи Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ шуруъ карданаш табрик гуфт.
Қайд карда шудааст, ки Раҳмон бо Масадиқов масоили мубрами ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро баррасӣ кард.
“Дар бораи вазъият дар минтақаи масъулияти Созмон ва атрофи он мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии муосир баррасӣ шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин тарафҳо ба тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Созмон барои таъмини вокуниши саривақтӣ ва самаранок ба таҳдиду хатарҳои амниятӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Президент РФ Владимир Путин  на заседании Совета коллективной безопасности ОДКБ в Бишкеке. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2025
Путин: Русия ба СПАД барномаи бузурги мусаллаҳшавиро пешниҳод мекунад
Дар ин замина, раисҷумҳури Тоҷикистон аҳамияти татбиқи ҳамаҷонибаи қарорҳои дар ин самт аз ҷониби Шӯрои Амнияти Дастҷамъии СПАД қабулшударо таъкид намуд.
Лентаи хабарҳо
0