Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков: Сулҳ дар Украина метавонад имрӯз барқарор шавад

© telegram Sputnik_Tajikistan / Гузариш ба медиабонкАврупо то ҳол идомаи низоъро дар Украина ба ҷои он ки сиёсатеро барои сулҳ равона кунад, таҳрик медиҳад, гуфт Песков
Аврупо то ҳол идомаи низоъро дар Украина ба ҷои он ки сиёсатеро барои сулҳ равона кунад, таҳрик медиҳад, гуфт Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2026
Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, агар Зеленский қарор қабул кунад, сулҳ метавонад дар Украина имрӯз барқарор шавад
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Агар Владимир Зеленский қарори дуруст қабул кунад, имрӯз сулҳ дар Украина метавона барқарор шавад, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
Песков қайд кард, ки Русия оташбасро не, балки сулҳи пойдор ва устуворро мехоҳад.
"Ин сулҳ имрӯз метавонад барқарор шавад, агар президент Зеленский қарори дуруст қабул кунад, масъулиятро ба дӯш гирад ва қарорҳои мувофиқ қабул кунад. Ин аллакай борҳо гуфта шудааст", - гуфт ӯ ба хабарнигорон.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Уполномоченный по правам человека в Российской Федерации Татьяна Москалькова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия ба СММ дар бораи шиканҷаи сарбозон дар асорати Украина гузориш медиҳад
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0