Парлумон созишнома бо Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро тасвиб кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЗдание парламента республики Таджикистан
Здание парламента республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2026
Обуна шудан
Тағйиротҳои ҷадид имкон медиҳанд, муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз вуруд ба Русия, дар қаламрави Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва аксбардориву изи ангушт супоранд
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба созишнома бо Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатиро тасдиқ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти палатаи поёнии кишвар хабар додааст.
"Парлумон дар ҷаласаи ахир қарор кард, ки протокол дар бораи тағйиру иловаҳоро ба созишномаи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои кори муваққатӣ дар Русия тасвиб кард", - қайд кардааст ин манбаъ.
Тағйиротҳои ҷадид имкон медиҳанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз вуруд ба Русия, мустақиман дар қаламрави Тоҷикистон муоинаи тиббӣ, гирифтани изи ангушт ва аксбардорӣ карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Русия дар бораи ворид намудани тағйирот ба созишномаи байни Русия ва Тоҷикистонро вобаста ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои кори муваққатӣ дар Русия эълон кард.
Паспорт гражданина Российской Федерации и Конституция РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2025
Сиёсати нави муҳоҷират дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик чӣ маъно дорад
Дар ин бора комиссияи ҳукуматӣ ба хабаргузории "РИА Новости" хабар додааст.
Дар лоиҳаи қонун тасдиқи протоколи тағйирот ба созишномаи мувофиқ байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ба гуфтаи Владимир Груздев, раиси раёсати Ассотсиатсияи вакилони дифоъи Русия, тағйироте, ки пешбинӣ шудааст, ба омода кардани муҳоҷирон барои барномаҳои таҳсилоти миёна ва касбии Русия мусоидат хоҳад кард.
Ғайр аз ин, омӯзиш барои номзадҳо ташкил карда мешавад ва барои муҳоҷирон дар супоридани имтиҳонҳои забонӣ ва таърихи Русия кӯмак расонида мешавад.
Аз ин ва баъд шаҳрвандони тоҷике, ки мехоҳанд дар Русия кор кунанд, дар Тоҷикистон изи ангушт ва аксбардорӣ гирифта мешаванд ва баъд аз маълумоти гирифташуда метавонанд ба Русия сафар кунанд.
Глава МВД России Владимир Колокольцев и глава МВД Таджикистана Рамазон Рахимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2025
Раҳимзода ва Колоколтсев масолили муҳоҷирати меҳнати ва экстремизмро барасӣ карданд
"Бар асоси созишномаи алоҳидаи байналмилалӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари худ, вале дар муассисаҳои тиббии Русия аз муоинаи тиббӣ, аз ҷумла санҷиши ВИЧ мегузаранд", - шарҳ дод Груздев.
Дар навбати худ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мувофиқи тағйироти пешниҳодшуда, номзадҳоро дар рӯйхати ҷустуҷӯшавандагон ва маҳкумшудагон, ки дар Русия эътироф шудаанд, тафтиш мекунад.
Лентаи хабарҳо
0