https://sputnik.tj/20260409/kdushanbe-davanda-ruzi-poytakht-nimmarafon-1076724103.html
Аз хориҷа ба Душанбе давандаҳо меоянд: Дар рӯзи пойтахт ниммарафон баргузор мешаваад
Аз хориҷа ба Душанбе давандаҳо меоянд: Дар рӯзи пойтахт ниммарафон баргузор мешаваад
Sputnik Тоҷикистон
Қарор аст дар ниммарафони байналмилалӣ варзишгарони тоҷик ва дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон иштирок намоян
2026-04-09T18:41+0500
2026-04-09T18:41+0500
2026-04-09T18:41+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ниммарафон
душанбе
дав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/14/1062885089_0:169:1620:1080_1920x0_80_0_0_a29606ac206699fe2d9ecd994f3986c1.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон 18 апрел дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад.Дар ин бора аз мақомоти шаҳри Душанбе хабар додааст.“Ниммарафони XVI байналмилалӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе доир шуда, дар он варзишгарони тоҷик ва дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон иштирок менамоянд”, - қайд намудааст манбаъ.Мусобиқаи байналмилалӣ бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодию иҷтимоӣ доранд, баргузор мегардад.Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт дар баробари ниммарафони Душанбе инчунин дигар мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангиву оммавӣ ва озмунҳо баргузор карда мешаванд.Бояд қайд кард, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқаи Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур дохил шудааст.Танҳо соли 2020 ниммарафони байналмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.
https://sputnik.tj/20260325/tojikiston-dushanbe-grand-slam-2026-1076291621.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/14/1062885089_180:0:1620:1080_1920x0_80_0_0_c168ff13bee596948f02acaca835981d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, ниммарафон, душанбе, дав
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, ниммарафон, душанбе, дав
Аз хориҷа ба Душанбе давандаҳо меоянд: Дар рӯзи пойтахт ниммарафон баргузор мешаваад
Қарор аст дар ниммарафони байналмилалӣ варзишгарони тоҷик ва дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон иштирок намоянд
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон 18 апрел дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад.
Дар ин бора аз мақомоти шаҳри Душанбе хабар додааст.
“Ниммарафони XVI байналмилалӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе доир шуда, дар он варзишгарони тоҷик ва дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон иштирок менамоянд”, - қайд намудааст манбаъ.
Мусобиқаи байналмилалӣ бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодию иҷтимоӣ доранд, баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт дар баробари ниммарафони Душанбе инчунин дигар мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангиву оммавӣ ва озмунҳо баргузор карда мешаванд.
Бояд қайд кард, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқаи Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур дохил шудааст.
Танҳо соли 2020 ниммарафони байналмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.