Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Аҳмадзода аз марҳилаи нави муносибатҳо байни Тоҷикистон, Узбекистону Қирғизистон гуфт

© Foto / Пресс-служба президента УзбекистанаПодписание Худжандской декларации о вечной дружбе и Соглашение о точках стыка госграниц трех государств.
Подписание Худжандской декларации о вечной дружбе и Соглашение о точках стыка госграниц трех государств. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2026
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд иддао дорад, ки Эъломияи Хуҷанд 31 марти соли 2025 ба имзо расид низоми нави муносибатҳои минтақавиро фароҳам овард
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода дар ҷаласаи машваратии минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии давлатҳо ИДМ гуфт, ки имрӯзҳо дар минтақа сулҳу субот пойдор аст ва ҳамкориҳо миёни давлатҳо дар ҳоли рушд аст.
Раиси вилояти Суғд аз баимзорасии Эъломияи Хуҷанд, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сарони давлатҳо — Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расида буд, ёдовар шуд.
Вай изҳор дошт, ки ин санад на танҳо рамзи иродаи сиёсӣ барои рафъи ихтилофот буд, балки заминаи ташаккули низоми нави муносибатҳои минтақавиро фароҳам овард, ки бар пояи эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои умумӣ бунёд ёфтааст.
“Марҳилаи нави муносибатҳои байни давлатҳои минтақа бо имзои Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон оғоз гардид”, - қайд кард раиси вилояти Суғд.
Встреча министра энергетики и водных ресурсов Таджикистан Далер Джумъа с первым заместителем Президента  Ирана Али Наджафи Хушруди - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2025
Эрон: Эъломияи Хуҷанд барои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти хеле муҳим дорад
Ёдовар мешавем, ки ахииран дар вилояти Суғд ҷаласаи машварати 9-уми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ бо ҳузури роҳбарону ҳайатҳои идораи сарҳадии кишварҳои Узбекистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҷаласаи мазкур дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳайатҳои шаш идораи сарҳадии давлатҳо - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия, инчунин Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ, Маркази зиддитеррористии давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ ва Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.
Лентаи хабарҳо
0