https://sputnik.tj/20260407/miroshnik-shahrvandi-osoishtai-rusiya-artish-ukraina-kushta-1076668321.html
Мирошник: Дар ҳафта 25 шаҳрванди осоиштаи Русия аз ҳамлаҳои артиши Украина кушта шуд
Мирошник: Дар ҳафта 25 шаҳрванди осоиштаи Русия аз ҳамлаҳои артиши Украина кушта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Русия мегӯяд, ки дар ҳафтаи гузашта 25 шаҳрванди осоиштаи Русия аз ҳамлаҳои артиши Украина кушта шудаанд
2026-04-07T14:21+0500
2026-04-07T14:21+0500
2026-04-07T14:39+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
русия
ҳамлаи террористӣ
паҳпод
кушта шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1e/1074896218_0:0:2938:1654_1920x0_80_0_0_09a2af1648712277d85f1312cbb469e5.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Сафири вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба ҷиноятҳои режими Киев Родион Мирошник, изҳор дошт, ки дар тӯли ҳафтаи гузашта аз 30 март то 5 апрел 25 шаҳрванди Русия, аз ҷумла ду кӯдак, дар ҳамлаҳои артишиУкраина кушта шуданд."Дар тӯли ҳафтаи гузашта 176 шаҳрванди осоишта аз тирпарронии фашистони украинӣ маҷрӯҳ шуданд: 151 нафар, аз ҷумла даҳ ноболиғ, ва 25 нафар, аз ҷумла ду ноболиғ, кушта шуданд", - гуфт Мирошник ба РИА Новости.Вай афзуд, ки режими Киев дар тӯли ҳафта 3301 хумпора ба ҳадафҳои осоишта дар қаламрави Русия партоб кардааст.Ба гуфтаи сафир, шумораи бештари талафоти осоишта дар вилоятҳои Белгород, Херсон, Запорожье, Брянск ва Краснодар сабт шудааст. Мирошник таъкид кард, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина сабаби марг ё ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта мебошад"Дар ҳафт рӯзи охир 158 сокини осоишта дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина маҷрӯҳ шудаанд, ки тақрибан 89%-и шумораи умумии қурбониёнро ташкил медиҳад", - изҳор дошт ӯ.Сафир қайд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Украина қасдан ба иншооти энергетикӣ, ҳамла мекунад, то шароити зиндагиро барои аҳолии осоишта бад кунанд. Ба гуфтаи Мирошник, қатъи барқи бештар дар ҶМД, ки дар он тақрибан 500 ҳазор сокин бе барқ мондаанд ва дар ҶМЛ, ки дар он 208 ҳазор нафар дар ҳафт минтақа бе барқ мондаанд, сабт шудааст.
https://sputnik.tj/20260406/orban-takhribi-lulai-majroi-turk-amalho-ukraina-muvofiq-1076644691.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1e/1074896218_142:0:2871:2047_1920x0_80_0_0_3033cdd806d5598b1151c412fcb5a985.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, русия, ҳамлаи террористӣ, паҳпод, кушта шудан
украина, амалиёти вижа, русия, ҳамлаи террористӣ, паҳпод, кушта шудан
Мирошник: Дар ҳафта 25 шаҳрванди осоиштаи Русия аз ҳамлаҳои артиши Украина кушта шуд
14:21 07.04.2026 (Навсозишуда: 14:39 07.04.2026) Мақомоти Русия мегӯяд, ки дар ҳафтаи гузашта 25 шаҳрванди осоиштаи Русия аз ҳамлаҳои артиши Украина кушта шудаанд
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Сафири вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба ҷиноятҳои режими Киев Родион Мирошник, изҳор дошт, ки дар тӯли ҳафтаи гузашта аз 30 март то 5 апрел 25 шаҳрванди Русия, аз ҷумла ду кӯдак, дар ҳамлаҳои артишиУкраина кушта шуданд.
"Дар тӯли ҳафтаи гузашта 176 шаҳрванди осоишта аз тирпарронии фашистони украинӣ маҷрӯҳ шуданд: 151 нафар, аз ҷумла даҳ ноболиғ, ва 25 нафар, аз ҷумла ду ноболиғ, кушта шуданд", - гуфт Мирошник ба РИА Новости.
Вай афзуд, ки режими Киев дар тӯли ҳафта 3301 хумпора ба ҳадафҳои осоишта дар қаламрави Русия партоб кардааст.
Ба гуфтаи сафир, шумораи бештари талафоти осоишта дар вилоятҳои Белгород, Херсон, Запорожье, Брянск ва Краснодар сабт шудааст. Мирошник таъкид кард, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина сабаби марг ё ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта мебошад
"Дар ҳафт рӯзи охир 158 сокини осоишта дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина маҷрӯҳ шудаанд, ки тақрибан 89%-и шумораи умумии қурбониёнро ташкил медиҳад", - изҳор дошт ӯ.
Сафир қайд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Украина қасдан ба иншооти энергетикӣ, ҳамла мекунад, то шароити зиндагиро барои аҳолии осоишта бад кунанд. Ба гуфтаи Мирошник, қатъи барқи бештар дар ҶМД, ки дар он тақрибан 500 ҳазор сокин бе барқ мондаанд ва дар ҶМЛ, ки дар он 208 ҳазор нафар дар ҳафт минтақа бе барқ мондаанд, сабт шудааст.