Сафири Тоҷикистон: Низомиёни афғон марзҳои муштаракро амн нигоҳ доштаанд

© AP / Saifullah ZahirАфганские военнослужащие охраняют границу. Архивное фото
Афганские военнослужащие охраняют границу. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2026
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Кобул ахиран гуфт, ки рушди муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бо Кобул идома хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Кобул Саъдӣ Шарифӣ, дар нишасти машваратии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ таъкид кард, ки ҳифзи амнияти Афғонистон дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар қарор дорад ва рушди муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бо Кобул идома хоҳад ёфт.
Вай гуфт, ки Тоҷикистон аз нишасти ахири Покистон ва Афғонистон дар Чин пуштибонӣ мекунад ва таъкид кард, ки ҳама баҳсҳо бояд танҳо бо роҳҳои осоишта ҳал карда шаванд.
Тибқи иттилои Агентии иттилоотии Бахтар, сафири Тоҷикистон инчунин аз талошҳои нерӯҳои амниятии Афғонистон қадрдонӣ кард.
Вай гуфт, ин нерӯҳо бо ҳамкории ҳамсоягон марзҳои муштаракро амн нигоҳ доштаанд, ки ин иқдом дар суботи минтақавӣ нақши муҳим дорад.
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2026
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Тоҷикистон азми кишварҳоро барои таҳкими ҳамкорӣ бо Афғонистон истиқбол мекунад
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд ҳамкории минтақавиро тақвият диҳанд ва барои рушди иқтисодӣ ва сиёсии Афғонистон муҳити амн эҷод кунанд.
Нишасти машваратии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ дар Кобул бо иштироки мақомоти баландпояи кишварҳои минтақа баргузор шуд ва ҳадафи асосии он баррасии роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва транзитӣ байни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст.
Лентаи хабарҳо
0